Палатаи савдо ва саноат: Маҳсулоти Тоҷикистон дар 18 намоишгоҳи байналмилалӣ ва 4 намоишгоҳи дохилӣ муаррифӣ гардид

Август 9, 2023 11:25

ДУШАНБЕ, 09.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми шаш моҳи соли равон Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистсон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, сафоратхонаҳои ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ ва шарикони рушд 18 намоишгоҳи байналмилалӣ, 4 намоишгоҳи дохилӣ ва 14 намоишгоҳи берун аз мамлакат баргузор намуд, — чунин иттилоъ дод 8 август ба намояндагони ВАО зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода. 

Аз ҷумла, молу маҳсулоти мамлакат дар Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом «Продэкспо-2023» дар Федератсияи Русия, Намоишгоҳи 15-уми «ELECRAMA-2023» дар Ҷумҳурии Ҳиндустон, Намоишгоҳи 9-уми байналмилалии сангҳои ороишӣ, таҷҳизоти сангбурӣ ва мошинҳои марбути ин соҳа  «FARS STONEX-2023» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Намоишгоҳи муҳандисӣ ва тандурустӣ дар Покистон, Намоишгоҳи «EXPO IRAN 2023»,  Намоишгоҳи 24-уми байналмилалии сохтмонии Узбекистон UzBuild 2023, Намоишгоҳи байналмилалии хоҷагии қишлоқ «Agro World Uzbekistan 2023», Намоишгоҳи 22-юми байналмилалии озуқа ва технологияи маҳсулоти хӯрокворӣ «UzFood 2023», Намоишгоҳи байналмилалии «Тандурустӣ  — TIHE 2023» дар Узбекистон, Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Форуми сармоягузории Тоҷикистон дар Лондон, Намоишгоҳи сармоягузорӣ ва тиҷоратии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул дар Ҷумҳурии Туркия ITMA 2023, намоишгоҳи бузургтарини сорсинг дар шаҳри Милани Италия муаррифӣ шуданд.

Ҳамчунин дар ҳудуди мамлакат  Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023», Намоишгоҳи молҳои содиротии Тоҷикистон ва Туркманистон, Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми савдои «Бохтар Фуд-2023» ва Ярмаркаи байналхалқии савдо «Суғд — 2023» гузаронида шуданд.

Дар баробари баргузор намудани намоишгоҳҳои молу маҳсулот Палатаи марказӣ ва палатаҳои минтақавӣ бо мақсади густариш додани ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва танзими ҳуқуқии ҳамкории байнипалатавӣ давоми шаш моҳи соли равон  бо палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои хориҷӣ 22 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади шинос шудан бо навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ аз дигар давлатҳо бо мусоидати Палатаи савдо ва саноат 1190 нафар соҳибкорон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ бо намоишгоҳҳои хориҷӣ шинос шуда, дар бизнес-форумҳо иштирок намуданд.

Фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ба рушди иқтисодии мамлакат, ҳамгироӣ ба низоми хоҷагидории ҷаҳонӣ, ташаккули зербинои муосири муносибатҳои бозаргонӣ, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, танзими муносибатҳои соҳибкорон бо шарикони хориҷӣ, рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникии соҳибкорони мамлакат бо ҳампешагон аз давлатҳои хориҷӣ ва амалӣ намудани стратегия ва барномаҳои давлатӣ равона шудааст.

А. САНГЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 9, 2023 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд