Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз корхонаи истеҳсоли омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва ранги ҶДММ «Шимшо»-ро ба истифода супориданд
ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва ранги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шимшо” (Shimsho)-ро ба истифода супориданд.
Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар деҳаи Дуробаки деҳоти Қалъаи Хумб аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Самандар Суннатзода бунёд гардидааст.
Бо таъсиси корхонаи нави саноатӣ 25 нафар, ки аксари онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Бо дарназардошти истеҳсоли масолеҳи сохтмонии дорои маводи кимиёвӣ фаъолияти корхона тибқи меъёрҳои соҳавӣ дар як шабонарӯз 10 соати корӣ ба роҳ монда шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатӣ дар як соат ба таври автоматӣ 8 тонна омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва 700 литр ранги ороишӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, дар корхона дар як шабонарӯз 80 тонна ва солона 15 ҳазору 500 тонна омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва рангҳои ороишӣ дар як шабонарӯз 7000 ва солона 1 миллиону 344 ҳазор литр истеҳсол мешаванд.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкорони ватанӣ дар самти таъсиси корхонаи нави саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот пешбинишуда баҳои баланд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хатҳои муосири технологӣ ба корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас шудаанд, ки онро мутахассисони тоҷик васлу насб намуда, идора менамоянд.
Ашёи хом — калсит, оҳак, гаҷ ва маҳлулҳои дигари кимёвӣ аз конҳои маҳаллӣ ба корхона ворид мегардад.
Ҳадаф аз таъсиси корхонаи муосири саноатӣ истифодаи босамари захираҳои мавҷудаи табиӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то марҳилаи ниҳоӣ ва ба ин восита истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ мебошад.
Рангҳо ва омехтаҳои хушки сохтмонӣ, ки дар ин корхона истеҳсол мешаванд, аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар бозорҳо рақобатпазир мебошанд.
Бояд гуфт, ки омехтаҳои хушки сохтмонӣ дар халтаҳои 20, 25 ва 30 киллограмм ва ранги ороишӣ дар қуттиҳои аз 10 то 20-литра бастабандӣ мегарданд.
Раванди истеҳсоли омехтаҳои хушки сохтмонӣ аз чанд марҳила, аз ҷумла равона кардани хокаи калсит, омехта кардани он ба семент, гаҷу оҳак ва бастабандии маҳсулоти тайёр иборат аст.
Дар соҳаи сохтмон омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва ранг барои ороиши намои беруна ва дохили бинои иншооти гуногун васеъ истифода мегарданд. Бо зиёд шудани талаботи аҳолӣ, ширкатҳои сохтмонӣ ва бозорҳо ба ин навъи масолеҳи сохтмонӣ ҳаҷми истеҳсолот афзоиш дода шуда, теъдоди кормандон низ зиёд мегардад.
Дар корхонаи истеҳсолӣ анборҳои алоҳидаи маҳсулоти хом ва тайёр мавҷуд буда, иншооти ёрирасон, аз қабили ошхона ва нуқтаи дастшӯӣ низ сохта шудааст.
Корхонаи истеҳсолӣ дорои озмоишгоҳи замонавӣ мебошад, ки мутахассисон бо истифода аз таҷҳизоти муосир сифати маҳсулотро дақиқ санҷида, баъдан ба бозорҳои мамлакат пешниҳод менамоянд.
Дар даромадгоҳи корхонаи истеҳсоли омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва ранги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шимшо” (Shimsho) намунаҳои маҳсулоти истеҳсолшуда муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар ноҳияи Дарвоз 15 корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, дар онҳо асосан молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда истеҳсол мешаванд.
Дар 7 моҳи соли равон дар ноҳия ба маблағи 11 миллиону 572 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.
Дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат сармоягузорону соҳибкорони ватанӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Ин тадбир дар афзоиши истеҳсолоти худӣ, таъмини сокинон бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум нақши муҳим дорад.
Барои тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва ободу зебо гардидани ҳудуди корхонаи истеҳсоли омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва ранги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шимшо” гулу буттаҳои мавсимӣ ва дарахтони сояафкани ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудаанд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд






