Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз меҳмонхонаи замонавии «Дарвоз Континентал»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи замонавии «Дарвоз Континентал»-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти нави хизматрасонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст.
Меҳмонхонаи замонавии чорситорадор аз 4-ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 17 ҳуҷра, аз ҷумла 1 ҳуҷраи президентӣ мебошад.
Масоҳати умумии иншоот 1200 метри мураббаъро ташкил дода, дар он дигар инфрасохтори зарурӣ, аз қабили маркази савдо ва хизматрасонӣ, ошхона, дорухона ва толори варзишию солимгардонӣ барои мизоҷон фароҳам оварда шудааст.
Бо бунёди ин иншооти хизматрасонии сайёҳӣ 20 нафар сокини ноҳия бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Тамоми таҷҳизот ва лавозимоти меҳмонхона истеҳсоли ватанӣ буда, хизматрасонӣ дар он тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.
Меҳмонхонаи “Дарвоз Континентал” аз иншооти муосире аст, ки дар маркази ноҳияи Дарвоз ба хотири ободии як гӯшаи диёр, ҷалби сайёҳон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар ноҳияи Дарвоз дар айни ҳол 13 меҳмонхонаи замонавӣ, 9 ҳовмстей, истироҳатгоҳ, минтақаи шикор, ширкати сайёҳӣ, 26 мавзеи таърихию фарҳангӣ ва 5 мавзеи сайёҳати экологӣ мавҷуд мебошанд.
Тибқи иттилоъ, аз оғози соли равон то инҷониб зиёда аз 3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба тамошои ин гӯшаи зебои Тоҷикистон омадаанд.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми шахсони саховатманди ин ноҳияи зебоманзару дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон Дарвоз ободу зебо шуда, рушд ёфтааст ва дар баробари пешрафти дигар соҳаҳо дар бахши сайёҳӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия ва боздиди шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ бозгӯи он аст, ки сайёҳӣ дар ин мавзеъ соҳаи ояндадор аст.
Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ, табиати нотакрор, ёдгориҳои қадимаи таърихию фарҳангӣ сайёҳии кӯҳнавардӣ, сайру саёҳат, этнография ва сайёҳии экологӣ дар ноҳияи Дарвоз хеле рушд намудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити меҳмонхонаи муосир ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд доданд.









Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






