РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ. Дар Урметан корҳои бартарафсозӣ идома дошта, 150 метр роҳ дар Лахш аз сел тоза шуд

Август 2, 2023 17:28

ДУШАНБЕ, 02.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ноҳияи Айнӣ шабонарӯзи гузашта дар деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд барои бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ  ва расонидани кумак ба оилаҳои осебдида, тоза кардани қубурҳои интиқоли об, кӯчаву роҳҳо аз селовардҳо 150 нафар сокинон ва 7 техникаи муҳандисӣ ҷалб намуд. Дар натиҷа то имрӯз 4 хонаи истиқоматӣ, 2 иншооти ёрирасон, 200 метр роҳ ва 80 метр селроҳа аз ҳар гуна селовардҳо ва лойқа тоза гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мақомоти иҷроияи  ҳукумати ноҳияи Зафаробод ба зарардидагон аз офати табиӣ маводи ғизоӣ, аз ҷумла 500 кило орд, 100 кило макарон, 56 литр равғани растанӣ, 100 кило сабзӣ, 300 кило пиёз ва дигар маҳсулоти боғдорӣ кумак намуд. Дар айни замон корҳои рафъи пайомадҳои офати табиӣ идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки 28 июл дар ҳудуди деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи баландкӯҳи Айнӣ сел омада, ба боғу зироати мардум, кӯчаю роҳрав ва баъзе хонаҳои истиқоматӣ хисорот расонид.

Ҳамчунин 31 июли соли 2023, тахминан соати 18:00 дар километри 250-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш, ки аз тариқи Арпчакаппаи Ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Нуробод мегузарад,  бар асари болоравии ҳарорати ҳаво об шудани пиряхҳо ба мушоҳида расид.

Дар натиҷа сатҳи оби кӯли Сугат боло рафта, об аз соҳил берун шуд ва  150 метр роҳ зери обу лойқа монд. Ин ҳолат  роҳро барои ҳаракати мошинҳо муваққатан номумкин гардонд.

Бо мақсади бартараф кардани пайомадҳои ин офат хадамоти роҳи ноҳияи Лахш 4 техникаи муҳандисӣ ҷалб намуд. 1 август роҳ пурра тоза ва ҳаракати нақлиёт шуруъ шуд.

 АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 2, 2023 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе натиҷагирӣ карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тафсири Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» кай омода ва нашр мегардад?
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин гардид
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Тоҷикистон таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Соли 2025 табибони тоҷик беш аз 203 ҳазор амалиёти ҷарроҳии беморхонавӣ гузарониданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони стансияи замонавии зиддижола вусъат меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон 113 муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд
ОГОҲӢ. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад