Раванди омодагӣ ба Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе оғоз шуд

Август 21, 2023 14:40

ДУШАНБЕ, 21.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе ҷиҳати мусоидат ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, инчунин баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии об барои амал, ки моҳи июни соли 2024 дар Душанбе баргузор мешавад, 20 август дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии об дар Стокголм (Шветсия) доир гардид. Дар ин хусус  аз котиботи тоҷикистонии конфронси СММ оид ба захираҳои об хабар доданд.

Мулоқот дар шакли гибридӣ таҳти сарварии Фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эътилофи роҳбарон оид ба об ва иқлим Султон Раҳимзода ва директори таҷрибаи глобалии об дар Бонки ҷаҳонӣ Сароҷ Кумар Ҷа баргузор шуд.

Султон Раҳимзода натиҷаи Конфронси оби СММ-2023-ро, ки моҳи марти соли равон дар Ню-Йорк баргузор шуд ва ҳамчунин имкони истифодаи раванди оби Душанбе ва дигар механизмҳоро ҳамчун платформа барои пайгирии иҷрои натиҷаи Конфронси оби СММ оид ба захираҳои об 2023 муаррифӣ намуд.

Дар ҷараёни ҷаласа иштирокдорон оид ба лоиҳаи Консепсия ва барномаи сохторӣ, мавзуъҳои муколамаҳои интерактивӣ, инчунин санадҳои эҳтимолии натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии об барои амал  табодули афкор намуданд.

       АКС: Котиботи тоҷикистонии Конфронси СММ оид ба захираҳои об

 

Август 21, 2023 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст