Шумораи аз табларзаи денге фавтидагон дар Бангладеш аз 350 нафар зиёд шуд

Август 10, 2023 18:55

ДУШАНБЕ, 10.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бангладеш давоми як шабонарӯзи охир боз 12 нафар аз зукоми денге фавтиданд. Шумораи умумии фавтидагон аз ин беморӣ дар кишвар аз аввали сол 352 нафарро ташкил додааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус директори генералии хадамоти тандурустии Бангладеш хабар додааст.

Тибқи маълумоти манбаъ, то соати 08:00 рӯзи чоршанбе ба вақти  маҳаллӣ  ва тайи 24 соати охир дар кишвар 2844 ҳолати нави беморӣ сабт шудааст, ки аз 2742 ҳолати нави як рӯз қабл сабтшуда зиёдтар мебошад.

Бо мақсади мубориза бо бемории афзоишёбандаи табларзаи денге идораҳои тандурустии Бангладеш чораҳои назоратиро ҷиҳати  афзоиш наёфтани хомӯшакҳо ва мубориза бо кирминаҳои онҳо тақвият бахшиданд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 10, 2023 18:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва ССКА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад