Шуруъ аз имрӯз ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасонии музднок дар Тоҷикистон манъ мегардад

Август 1, 2023 08:30

ДУШАНБЕ, 01.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз, 1 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ»  пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.

Инчунин аз  ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоти давлатӣ ва ташкилоти қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасонии музднок манъ мегардад.

Иқдоми мазкур саривақтӣ ва муҳим буда, пеш аз ҳама, барои таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, мусоидат ба рушди бахши молиявӣ, тавсеаи фарогирии молиявӣ дар мамлакат ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

Ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳидаи давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати тақвияи инфрасохтори зарурӣ барои пардохти ғайринақдии андозҳо, боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ дар филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва биноҳои нозироти андоз, дар маҷмуъ 853 адад постерминал, аз ҷумла 820 адад дар филиалҳои бонк ва 33 адад дар нозироти андоз насб шудаанд.

Дар  асоси фармони мазкур  инчунин Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоти давлатӣ ва ташкилоти қарзии молиявии ҷумҳурӣ муваззаф гардида буданд, ки инфрасохтори заруриро барои қабули пардохтҳои ғайринақдии худ то 1 августи соли 2023 таҳия, ташкил ва таъмин намоянд.

         АКС: «Амонатбонк»

Август 1, 2023 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1180 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд