СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Зафаробод беш аз 15 корхонаи нави саноатӣ таъсис ёфта, садҳо нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд
ДУШАНБЕ, 14.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Зафаробод нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) таҳия шудааст. Инчунин дар раванди корҳои бунёдкорона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Зафаробод коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, иншооти соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хизматрасонию савдо ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд гардиданд, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоии сокинони ноҳия мусоидат менамоянд. Дар ин хусус зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси ноҳияи Зафаробод Малоҳат Абдусаломзода ибрози назар намуд.
Тавре қаблан хабар додем, бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 август дар Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии ноҳияи Зафаробод баргузор гардид, ки аз ҷониби сокинон ва меҳмонони пойтахт хуш пазироӣ шуд.
Муовини Раиси ноҳияи Зафаробод Малоҳат Абдусаломзода иброз дошт, ки «Зафаробод ноҳияи агарарӣ буда, шуғли асосии мардумаш кишоварзӣ ва чорводорӣ аст. Сокинони ноҳияи Зафаробод дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият ва дар фазои сулҳу субот зиндагии осудаҳолона дошта, бо меҳнати софдилона дар раванди бунёдкорию созандагӣ, хусусан татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат -саноатикунонии босуръат ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб мегузоранд».
Бояд гуфт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Зафаробод беш аз 15 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд, ки дар онҳо садҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар шаҳри Душанбе то 3 сентябр- ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ идома меёбад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС:АМИТ «Ховар»













Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






