СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Ҳадафи он таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ ва дахлнопазирӣ мебошад

Август 19, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 19.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон яке аз мақсадҳои асосии тағйиру дигаргуниҳо дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба тағйир додани нақшу ҷойгоҳи инсон, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ ва дахлнопазирӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила амалӣ мешавад. Чунин изҳори назар намуд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Умед Бобозода вобаста ба қабул гардидани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038.

Тавре мавсуф иброз намуд, ҳанӯз соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосии ӯро эътироф намуда, муқаррар намуда буд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳамчунин Конститутсия бартарии санадҳои байналмилалиро ба қонунгузории миллӣ муқаррар намуд.

«Бо такя ба ин муқаррарот ва меъёрҳои дигари барномавӣ ислоҳоти ҳуқуқӣ амалӣ гардида, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон таъсис дода шуданд. Дар ҷумҳурӣ фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар асоси принсипҳои мутобиқат ба Конститутсия, қонуният, бартарияти меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ, афзалияти таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амалӣ шуда истодааст», — таъкид намуд Умед Бобозода.

Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид буда, заминаи мустаҳкамро барои рушди ҳамкорӣ бо ниҳодҳои оинномавӣ ва шартномавии СММ ва дигар сохторҳои иҷроияи он гузоштааст. Дар идомаи таҳкими чунин ҳамкорӣ Тоҷикистон аз 9 санади универсалии соҳаи ҳуқуқи инсон 7-тои онро (2 Паймон ва 5 Конвенсия) тасдиқ намудааст.

Ба андешаи ҳуқуқшинос, дар айни замон давлати мо дар самти пешниҳоди гузоришҳои миллӣ қарздорӣ надорад. Мавриди тазаккур аст, ки аз моҳи майи соли 2022 гузориши даврии муттаҳидаи шашум ва ҳафтум оид ба амалисозии Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва гузориши миллӣ оид ба амалисозии Конвенсияи зидди шиканҷа пеш аз муҳлат ба кумитаҳои дахлдори СММ пешниҳод гардида, дар баррасӣ қарор доранд.

«Чунин дастовардҳо зарурати таҳия ва қабули як санади стратегиро дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон пешбинӣ менамуд. Бо дарназардошти ин аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ бо назардошти таҳлилу арзёбии вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ, таҳкими қонунгузории миллӣ дар ин самт, стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, тавсияҳои ниҳодҳои соҳавии СММ, Ҳадафҳои рушди устувор ва инчунин иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат Стратегияи мазкур таҳия ва қабул гардидааст», -гуфт Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.

Қабули ҳуҷҷати мазкур ба омилҳои зерин нигаронида шудааст:

–     таҳияи стандартҳои ягона дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон;

–     мустаҳкам намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар ин соҳа;

–     таҳлилу арзёбии вазъи воқеии ҳуқуқи инсон;

–     тарҳрезии чораҳо барои шаклгирии кафолатҳои мавҷудаи амалишавӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон;

–     иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон.

Ҳадаф аз қабули Стратегияи миллӣ, пеш аз ҳама, ба муайян намудани вазифаҳои асосӣ ва самтҳои амалисозии сиёсати давлатии пешгирифтаи Тоҷикистон вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ҳамчун шарти муҳим ва зарурии муваффақияти халқ, рақобатпазирии давлат дар арсаи байналмилалӣ, рушди устувор ва шаклгирии имиҷу симои демократии он равона шудааст.

Вобаста ба ин дар Стратегияи миллӣ вазифаҳои асосии зерин пешбинӣ гардидаанд:

–     такмили минбаъдаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон;

–     қабули чораҳои маҷмуӣ оид ба татбиқи қонунгузорӣ барои пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон;

–     беҳтар намудани механизми ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ оид ба ҳуқуқи инсон миёни ҷонибҳои дахлдор;

–     ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон тавассути барномаҳои омӯзишӣ дар низоми маориф, мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма;

–     марҳила ба марҳила зиёд намудани маблағҳои буҷетӣ ба самти ҳифзи ҳуқуқи инсон;

–     таъсиси низоми фарогиранда, ҳамоҳангсозанда ва самараноки ҷамъоварии маълумот дар самти ҳуқуқи инсон;

–     тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

–     таҳкими ҳамкорӣ бо муассисаҳои миллии ҳимояи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон.

«Яке аз мақсадҳои Стратегия таҷассуми тамоми нақшаҳои миллии мавҷуда вобаста ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигари самти ҳуқуқи инсон ба шумор рафта, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил медиҳад ва ба ташаккули муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими минбаъдаи нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ муосидат менамояд», -гуфт дар идома Умед Бобозода.

Ба иттилои манбаъ, нақшаи амали Стратегия барои ҳар сесола таҳия ва қабул мегардад ва дар он маҷмуи чорабиниҳо бо баёни муҳлати иҷро ва натиҷаҳои чашмдошт нишон дода мешаванд. Тибқи замимаи 2 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амали Стратегияи мазкур барои солҳои 2023-2025 тасдиқ гардида, тибқи он вазорату идораҳои масъул вазифадор гардиданд, ки оид ба чорабиниҳое, ки аз Стратегия бармеоянд ва ба онҳо дахл доранд, тадбирҳо андешида, аз натиҷаи он ҳамасола то 10 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Аз ҷумла,  масъалаҳои вобаста ба нақши муассисаҳои миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ дар самти дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ аз шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, муқовимат бо савдои одамон ва шаклҳои дигари муосири ғуломӣ, ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, ҳуқуқ ба адолати судӣ ва ҳуқуқ ба баррасии одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба озодии изҳори ақида, муттаҳид шудан, ҷамъомадҳои осоишта ва эътиқоди динӣ, ҳуқуқ ба баробарӣ ва манъи табъиз, баробарии гендерӣ, васеъ намудани ҳуқуқ ва имконияти занон, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва зӯроварӣ дар оила, ҳуқуқи дастрасӣ ба манзили муносиб, ҳуқуқи инсон ба оби ошомиданӣ ва ҳолати санитарӣ, ҳуқуқ ба сатҳи аз ҳама баланди имконпазири солимии ҷисмонӣ ва руҳӣ, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба меҳнат ва музди баробари меҳнат, таъминот, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои кӯдак, ҳуқуқҳои маъюбон ва муҳоҷирон, ҳуқуқи гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯянда, коҳиш додан ва пешгирии бешаҳрвандӣ дар Нақшаи амали Стратегияи мазкур матраҳ гардида, муҳлат, мақомоти масъул ва натиҷаву индикаторҳои ниҳоии он нишон дода шудаанд.

Ҷиҳати ташвиқу таблиғи ин дастоварди муҳими Ҳукумати мамлакат Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гузронидани чорабинии сатҳи ҷумҳуриявиро бо иштироки мақомоти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалии муқими мамлакат, доираҳои илмӣ дар аввали моҳи сентябри соли равон дар назар дорад. Ҳамзамон чопи Стратегия дар шакли китобча ҷиҳати дастрас намудани он ба табақаҳои гуногуни мамлакат дар назар дошта шудааст.

Ҳамин тариқ, татбиқи Стратегияи миллӣ ва нақшаҳо он имкон медиҳад, ки:

–     уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон самаранок амалӣ шаванд;

–     механизмҳои назорат ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳким ёбанд;

–     низоми ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва дигар чораҳо оид ба таъмини устувори ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис дода шавад;

–     самаранокии механизм ва расмиёти ворид намудани стандартҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон ба қонунгузории миллӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баланд бардошта шавад;

–     маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар самти ҳуқуқи инсон баланд бардошта шавад, аз ҷумла дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ сари вақт таъмин шавад;

–     сатҳи ҳамкорӣ бо сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон баланд бардошта шавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 19, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РУШД-2024». Иштироки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ин мусобиқа ба анҷом расид
ФУТБОЛ. Шаҳром Самиев фаъолияташро дар дастаи «Андиҷон»-и Узбекистон идома медиҳад
Ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд пешниҳоди Рӯзи ҷаҳонии футболро ҷонибдорӣ менамоянд
Дар Теҳрон ҷаласаи Гурӯҳи кории махсус оид ба мусоидат ба сармоягузории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар Хатлон Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор шуд
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Ҷаласаи байниидоравӣ оид ба таҳия ва пешниҳоди Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон доир гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Саидалӣ Гулов: «Дар ҳавои сард набояд корҳои башаклдарорӣ ва буриши дарахтон анҷом дода шаванд»
Дар Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот баргузор шуд
Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои навсозии минбаъдаи пойтахт муаррифӣ гардиданд
Дар Минск вохӯрии раисони комиссияҳои марказии интихоботи Тоҷикистон ва Беларус доир шуд
Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар Ҳамда бинт Ҳассан Ал-Сулайти мулоқот намуд