ТAJSTAT. Маҷмуаи иттилоотӣ оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 06.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуаи иттилооти таъҷилиро оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодӣ, ки моҳи охири ҳисобот ва аз аввали солро дар бар мегирад, нашр намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ динамика аз рӯи моҳҳои соли равон ва гузашта оварда мешавад. Агентии омор гузоришро дар асоси маълумоте, ки аз ҷониби вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, таҳия намудааст.
Гуфта мешавад, ки дар гузориш оид ба соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолот, нақлиёт ва алоқа, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, бозори истеъмолӣ, нарх, молия, бозори меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ маълумоти васеъ пешниҳод гардидааст.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






