«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Душанбе даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 17.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 14 август дар шаҳри Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз ёфтааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.
Соли равон дар даври якуми озмун 4442 нафар довталабон иштирок намуданд, ки аз ин шумора 2078 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифт.
Озмуни мазкур дар вилояти Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо санадҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун пешниҳод мегарданд.
Бояд гуфт, ки ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 ба тасвиб расид, тағйирот ворид гардид. Ин тағйирот аз ворид намудани номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн ба озмуни мазкур иборат мебошад. Тибқи он имсол дар озмун на танҳо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, балки тамоми довталабони дорои қобилияти баланди эҷодӣ, чеҳраҳои зебоиофар дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок намуда метавонанд.
Таҳти назорати қатъии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар ин озмун ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ба камол расонидани мутахассисони баландихтисос дар самтҳои мазкур камари ҳиммат баста, ба ҷалби бештари довталабон саъю талош менамоянд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт






