ВАРЗОБ: ИҚДОМ БАРОИ ТОЗАКОРӢ. Дар қисматҳои гуногуни шоҳроҳи байналмилалии ҳудуди ноҳия қуттиҳои махсуси партов гузошта шуданд

Август 2, 2023 10:59

ДУШАНБЕ, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми созандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар қисматҳои гуногуни шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хуҷанд-Чанок, ки аз ҳудуди ноҳия мегузаранд, қуттиҳои махсуси партов гузошта шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб иттилоъ доданд.

Қуттиҳои махсуси партов  асосан дар минтақаҳое гузошта шудаанд, ки ҳам барои ронандагону мусофирон ва ҳам сайёҳону истироҳаткунандагон дастрас мебошанд. Насби чунин қуттиҳо имкон фароҳам меорад, ки канори шоҳроҳ, минтақаҳои назди мавзеъҳои истироҳатию сайёҳӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ҳамеша тозаю озода нигоҳ дошта шаванд. Дар маҷмуъ дар канори шоҳроҳу минтақаҳои назди мавзеъҳои истироҳатию сайёҳӣ ва маҳалҳои аҳолинишин дар ҳудуди ноҳияи Варзоб беш аз 20 қуттии махсус барои партов гузошта шудаанд.

Ноҳияи Варзоб аз минтақаҳои сайёҳию истироҳатии мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар мавсими саёҳат садҳо ҳазор нафар сайёҳону истироҳаткунандагон аз ҳисоби сокинони мамлакат ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ барои сайру фароғат ба ин ҷо меоянд.

Варзоб ноҳияи наздишаҳрӣ ба ҳисоб рафта, дар масофаи 25 км дурӣ аз шаҳри Душанбе, дар қисмати шимолӣ  ҷойгир мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Август 2, 2023 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд