ZAGREB GRAND PRIX 2023. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо иштирок менамоянд

Август 16, 2023 09:39

ДУШАНБЕ, 16.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18  то 20  август  дар  Хорватия Мусобиқаи байналмилалии Zagreb Grand Prix 2023 оид гӯштини ҷудо баргузор мегардад, ки дар он варзишгарони  қораи Осиё ва Аврупо  иштирок менамоянд. Дар ин хусус шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи  сатҳи баланд паҳлавонони шинохта, аз қабили Муҳаммадсолеҳ Қувватов  бо  Меҳрзод Суфиев, ҳар ду дар вазни то 60кг,  Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73 кг  ва Ҷаҳонгир  Маҷидов  дар вазни  то  90 кг намояндагӣ мекунанд.

Дар мусобиқа 561 ҷудочӣ- 339 мард ва 222 зан аз 88 давлати дунё аз рӯи 7 вазн барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ қувваозмоӣ менамоянд.

Хотиррасон мешавем, ки маросими қуръакашии Мусобиқаи байналмилалии  Zagreb Grand Prix 2023 оид ба гӯштини ҷудо 17 август доир  мешавад.                                                                                    

 АКС аз манбаъҳои боз

Август 16, 2023 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад