11-13 сентябр ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд

Сентябрь 10, 2023 09:58

ДУШАНБЕ, 10.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 11-13 сентябр ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд.

Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои ҷанубу шарқ ва ноҳияҳои марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба амал омадани тӯфони чангу ғубор дар назар аст.

Тӯфони мазкур аз ноҳияҳои ҷанубу ғарбии бо мамлакати мо ҳамсарҳад сар зада, боиси ифлосшавии ҳавои атмосфера бо заррачаҳои чангу ғубори андозаашон 10 микрон (Pm-10) ва 2,5 микрон (Pm-2,5) мегардад.

Дар робита ба ин, Кумита аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки дар чунин ҳаво пӯшидани ниқобҳои тиббиро фаромӯш насозанд. Инчунин ба беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, диққи нафаси бронхиалӣ тавсия дода мешавад, ки зуд-зуд ҳавои хонаро тару тоза нигоҳ дошта, саломатии худро эмин нигоҳ доранд.

Бояд гуфт, ки заррачаҳои хурдтарини чангу ғубор метавонанд вирусҳоро аз нуқтаи пайдоиши тӯфон ба минтақаҳои бехавф интиқол диҳанд ва сабаби авҷи бемориҳои гуногун гарданд. Вобаста ба ин Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Мухторова мегӯяд, ки  дар ин маврид, пеш аз ҳама, нисбат ба шахсони гурӯҳи ба истилоҳ осебпазир ва дорои хатари саломатӣ, ба мисли беморони гирифтори бронхит, амфизема ё астма, бемориҳои роҳи нафас ва дил, инчунин кӯдакон, занони ҳомила ва пиронсолон тадбирҳои махсус андешидан зарур аст.

Мавсуф иброз медорад, ки дар чунин ҳаво ҳар шахс бояд аз ниқоб ва респираторҳои муҳофизатӣ истифода намояд.

«Шахсони гирифтори бемориҳои музмини системаи нафаскашӣ ва намудҳои гуногуни аллергия берун аз биноҳои истиқоматӣ бояд камтар гарданд. Ҳамзамон дар чунин вазъи ҳаво ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки хонаи истиқоматӣ ва утоқҳои кории хешро тоза нигоҳ доранд. Махсусан, бо матои намнок мизу курсӣ, дару тиреза, фарш ва ҷевонҳоро давоми рӯз якчанд маротиба аз чанг тоза намоянд. Дар ҷараёни рӯбучини хона аз чангкашаки барқӣ истифода намудан беҳтар мебошад, зеро он чангро дар худ нигоҳ медорад», — тавсия дод ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи Парвина Мухторова, новобаста аз чунин вазъи ҳаво беморон бояд ҳатман реҷаи парҳезро риоя намоянд.

«Барои пок намудани бадан аз чангу ғубор, пеш аз ҳама, зарур аст, ки давоми рӯз якчанд маротиба ковокии бинӣ ва гулӯ бо маҳлулҳои содаи 2% ва оби ҷӯшомадаи ширгарм шуста шавад. Инчунин истифодаи нӯшокиҳои гарм низ муфид мебошад», — афзуд номбурда.

Ҳамсуҳбати мо ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар чунин вазъи ҳаво ба варзиш машғул шаванд, зеро он масунияти бадани инсонро баланд мегардонад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2023 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд