22 СЕНТЯБР-РӮЗИ РӮДАКӢ. Маликушшуаро бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷик асос гузошт

Сентябрь 22, 2023 13:48

ДУШАНБЕ, 22.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ аст. Миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик дар таърихи инсоният бо дастовардҳои бузургу шоистаи худ дар илму адаб ва фарҳанги ҷаҳонӣ шуҳрат дорад. Мо, тоҷикон бо бузургони илму адаб ва нобиғаҳои оламшумуламон, ки чеҳраҳои дурахшону мондагори худро дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ гузоштаанд, ифтихор дорем. Яке аз чунин нобиғагон устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классикии тоҷик маҳсуб шуда, нобиғаи беназири таърихи миллати тоҷик эътироф шудааст. Муҳимтарин хизмати ин абармарди адабиёт бо осори бебаҳояш он аст, ки дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзи он хизмати таърихӣ ба анҷом расонидааст.

Осори устод Рӯдакӣ маъниҳои гуногунро фарогир буда, бештар мавзуъҳои умдаи ҷомеа, замону макон, фалсафа, ҳикмат, ахлоқ, панду насиҳат, башардӯст будан ва тасвири табиатро фарогир мебошад. Абёти панду ахлоқии устод моро ба ҷавонмардиву ростқавлӣ, илмандӯзиву фарҳангдӯстӣ даъват менамоянд ва дар замирамон  некиву накукорӣ ва муҳаббату садоқат мепарваранд. Устод Рӯдакӣ бо осори саршор аз панду насиҳат, бузургдошти илму дониш, накукорӣ ва инсондӯстӣ ҳамчун пири шоирони тамоми дунё пазируфта шудааст.

Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иброз доштанд, «дар таърихи пурифтихори миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо агар Исмоили Сомонӣ бо бунёди аркони давлатдории миллӣ, гиромӣ доштани фарҳангу арзишҳои маънавии ниёкон ва ба сатҳи давлатӣ бардоштани забони тоҷикӣ хизматҳои шоён карда бошад, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷик асос гузошт».

Устод Рӯдакӣ аз он абармардони адабиёти олам аст, ки баландтарин мақоми суханвариро дар сатҳи ҷаҳонӣ тавонистааст соҳиб шавад ва сазовори унвони Устод гардад, ки дар таърихи адабиёти куҳани мо ин унвонро танҳо ба ӯ шоиста донистаанд.  Ин аст, ки сазовор гардидан ба унвонҳое чунин баланд, мисли Одамушшуаро ва асосгузори адабиёти тоҷик низ танҳо ба ӯ даст додааст.

Устод Рӯдакӣ бо шеърҳои худ асоси сабки хуросониро гузошт, мактабе ба вуҷуд овард, ки адабиёти тоҷик аз он сарчашма гирифт. Баъд аз даргузашти Рӯдакӣ бисёр шоирон ба эҷодиёти Рӯдакӣ пайравӣ намуданд, зеро забони содаю оммафаҳм ва тарзи баёни равони каломи Рӯдакӣ барои шоирон намунаи ибрат буд.

Забони сода ва пуртаъсири шеъри Рӯдакиро дар воқеаи таълиф гардидани шеъри «Бӯи Ҷӯи Мӯлиён» мушоҳида намуда метавонем. Мувофиқи иттилои сарчашмаҳо, Амири Сомонӣ пас аз шунидани шеъри «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» ҳатто ба як пой мӯзаи хешро напӯшида, ба асп савор шуд ва ҷониби Бухоро роҳ пеш гирифт. Ҳамин як шеъри Устод нишон медиҳад, ки чӣ гуна Рӯдакӣ ва шеъри ӯ назди хосу ом нуфузу эътибори бузург доштааст.

Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дуруштийроҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме.
Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме».

Рӯдакӣ маъниҳои оламгирро бо забони фасеҳу шево ба инсон пешниҳод менамояд, аз ин лиҳоз, арзишҳои волои каломи Рӯдакӣ, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки ӯ ба масъалаи тарғиби некӣ ва накӯкорӣ таваҷҷуҳи алоҳида нишон додааст.

Рӯдакӣ бо лафзи ҳакимонаи хеш одамонро ба омӯзиши илму дониш ва рӯ овардан ба маърифат даъват намуда, илму донишро равшании дил, чароғи ақлу хирад номидааст. Бинобар ин, инсонияти бохирад дар тамоми давраҳои таърихи зиндагии худ дар ҳар ҷо ва ҳар шароит ҷидду ҷаҳд намудааст, ки бо ҳар роҳу бо ҳар забон дониш омӯхта, сарбаланд гардад:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Дар замони имрӯз баҳра бардоштан аз панду ҳикматҳои Рӯдакӣ ва онро дар зиндагӣ мавриди истифода қарор додан аҳамияти бештар пайдо кардааст. Онҳо роҳнамои омӯзиши ҳаёт ва одамият мебошанд, ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, биниши тоза, ватандӯстию худшиносӣ, некию фазилат, дӯстию бародарӣ ва накӯкорӣ раҳнамоӣ намуда, паёми ахлоқии миллатро тавассути забони ноби тоҷикӣ аз насл ба насл интиқол медиҳанд.

Беҳуда нест, ки баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати соҳибистиқлоли Тоҷикистон такя ба илму маонӣ, фарҳангу адаби баланди миллии хеш намуд. Ва аз аввалин чорабиниҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ва ҷашну бузургдоштҳои фарзонагони илму адаби он, аз ҷумла ҳазору саду панҷоҳсолагии устод Рӯдакӣ, бузургдоштҳои зиёди дигари абармардони илму адабу фарҳанг ва шаҳрҳои бостонии ҷумҳурӣ буд.  Дар ин росто таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Рӯдакӣ 22 сентябр яке аз иқдоми шоистаи Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он аст, ки нишони арҷгузорӣ ба фарҳанг ва таърихи ғании миллати тоҷик аст.

Таҳияи Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 22, 2023 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба назария ва амалияи санъат ва дизайн конференсия доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Волидон ва омӯзгорони ғолибони озмун бо нишони «Аълочии маориф ва илм» ва «Маърифатпарвар» сарфароз гардонида шуданд
Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мегарданд
Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад