27 СЕНТЯБР — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар панҷ соли охир ба Тоҷикистон беш аз 3,9 миллион гардишгар ворид шудааст

Сентябрь 27, 2023 09:49

ДУШАНБЕ, 27.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо мақсади хизматию истироҳатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, 627 ҳазору 931 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 487 ҳазору 403 нафар ҳамчун сайёҳ ба қайд гирифта шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имрӯз, 27 сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ маҳсуб мешавад. Ҳадаф аз он тарғиби сайёҳӣ, инъикоси нақши он дар рушди иқтисоди миллӣ ва ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои мардумони ҳар қисмати олам ба шумор меравад.

Тавре Агентии иттилооти «Синхуа» моҳи майи соли равон хабар дода буд, соли 2023 шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон аз 10 миллиард зиёд хоҳад шуд. Соли равон даромадҳо аз соҳаи сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон ба 5 триллион доллари ИМА мерасанд, ки 86,2 фоизи сатҳи соли 2019-ро ташкил медиҳанд,- чунин бармеояд аз гузорише, ки аз ҷониби Маркази омӯзиши сайёҳии назди Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ва Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ нашр шудааст.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон соли 2022 9,57 миллиардро ташкил дода, даромади сайёҳӣ дар маҷмуъ ба 4,6 триллион доллари ИМА расидааст.

Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Дар ҷаҳон баъди нафт ва маводи доруворӣ даромад аз сайёҳии байналмилалӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд ва он 30% содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Сайёҳӣ ҳамчун воситаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Ба ибораи дигар, дар шароити ҷаҳонишавӣ сайёҳӣ мавқеи устувор касб намуда, ба шуғли дӯстдошта ва доимии мардумони сайёра мубаддал гаштааст.

Бо дарназардошти ин омилҳо ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои мамлакат, бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии иқтисодии сокинон бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда буданд, ки далели  таваҷҷуҳи рӯзафзуни  Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи сайёҳӣ мебошад.

Ҳамин аст, ки дар панҷ соли охир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022  1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд. Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022  100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ  мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 давлати хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бе раводид ҷорӣ намуд, ки ин раванд ба таври самаранок амалӣ шуда истодааст. Ҳамзамон бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда ҷорӣ гардидааст.

Дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (23.12.2022) таъкид карда шудааст, ки барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ корҳоро ҷиҳати зиёд намудани номгӯйи хизматрасонии сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳа, амалӣ намудани сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад.

Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбафалаккашидаи худ дар ҷаҳон ҳамчун давлати дорои боду ҳавои тоза, обҳои шифобахш, кӯлу дарёҳо, чашмаҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрор, ки диққати сайёҳонро ҷалб менамоянд, машҳур гардидааст. Нисфи заминҳои Тоҷикистон аз 3000 метр баландтар буда, дар он гоҳ-гоҳ растаниву ҳайвонотро вохӯрдан мумкин аст. Баландтарин кӯҳи Тоҷикистонро қуллаи Исмоили Сомонӣ (собиқ Коммунизм)  – 7495 метр ташкил медиҳад, ки дар давлатҳои Осиёи Миёна аз ҳама баландтарин мебошад. Дигар нӯги кӯҳи осмонхарош қуллаи Абуалӣ ибни Сино буда, баландиаш 7 134 метр мебошад. Инчунин қуллаҳои Корнижевский бо баландии 7105 метр ва дигарон маълум ҳастанд. Аз ҳама қуллаи баландтарини Осиёи Миёна – кӯҳҳои Помир мебошанд, ки дарозиашон 800 км ва баландиашон 5000-7000 метр аз сатҳи баҳрро ташкил медиҳад. Дар минтақаи Помир, ки онро инчунин «Боми Ҷаҳон» меноманд, асосан кӯҳҳои бе растанӣ ва сангҳою дарёҳои оҳиста ҷоришаванда мавҷуд мебошанд. Дар бисёр қуллаҳои ин кӯҳҳо пиряху барфҳои чандинсола ҷойгир буда, сарчашмаи дарёи Амуро ташкил медиҳанд.

Ногуфта намонад, ки соли 2014 маҷаллаи «Forbes» яке аз кӯҳҳои маъруф ва қуллаи баландтарин дар Осиёи Миёна- қуллаи Исмоили Сомониро ба рӯйхати 14 макони аз ҳама бештар ғайриодӣ, инчунин маҷаллаи Топ–100 кӯҳҳои Помирро ба рӯйхати мавзеъҳои ҷолибтарини ҷаҳон дохил намуд.

Тазаккур бояд дод, ки сайёҳии кӯҳнавардӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаи гардишгарӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ гардида, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби дӯстдорони ин навъи сайёҳӣ пайваста корҳои зарурӣ  амалӣ мегарданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зимни ба Тоҷикистон омадан сайёҳони хориҷӣ бештар ба намудҳои сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор майлу рағбат зоҳир менамоянд.

Ҳоло дар бозори хизматрасонии сайёҳӣ 246 ширкати сайёҳӣ, 191 меҳмонхона, 26 ҳостел (меҳмонхона) ва мотел (меҳмонхонаи канори роҳ барои ронандагон), 1 кемпинг (лагер) ва 5 пойгоҳи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият намуда, ба дӯстдорони сайру саёҳати кӯҳнавардӣ хизмат мерасонанд.

Сайёҳии дохилӣ 75-80 дарсади шумораи умумии сайёҳонро дар ҷаҳон фаро мегирад

Дар тамоми ҷаҳон сайёҳии дохилӣ аз рӯи дараҷаи фарогирӣ нисбат ба сайёҳии байналмилалӣ ҳатто бартарӣ дорад. Дар Тоҷикистон сайёҳии дохилӣ сол то сол дар ҳоли рушдёбӣ қарор дорад. Аз рӯи саҳм сайёҳии дохилӣ 75-80 дарсади шумораи умумии сайёҳонро дар ҷаҳон дар бар мегирад. Сайёҳии дохилӣ барои огоҳии комил пайдо намудани сокинон аз имконоти гардишгарии мамлакат, шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти мардуми минтақаи дигар, фарҳангу тамаддуни қадимӣ ва дар ин замина ба рушду тавсеаи сайёҳии воридотӣ таъсири назаррас хоҳад расонд. Муҳим аз ҳама, боздид ва шиносоӣ аз мавзеъҳои нодир ва беназири сайёҳии мамлакат ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандӯстиро боло бурда, ваҳдати миллиро боз ҳам устувор мегардонад.

Ба раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии ба қайд гирифта ва ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи табиат мусоидат менамоянд. Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи салоҳияти худ тибқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқ гардонидани маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкориро боз ҳам бештар менамояд.

Бо назардошти он ки Тоҷикистон дорои табиати беҳамто мебошад, ба таври шоиста муаррифӣ намудани он дар арсаи байналмилалӣ барои рушди соҳа ва ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд. Дар ин раванд ба роҳ мондани сайёҳии дохилӣ метавонад ба рушди сайёҳӣ таъсир расонад. Дар Тоҷикистон имконияти сайёҳӣ ниҳоят фарох мебошад ва бояд тарғибу ташвиқи онҳо ба таври дуруст ва ҷалбкунанда ба роҳ монда шавад.

Ҳамин аст, ки байни мардум гуфторе ҳаст: «Қабл аз он ки ҷаҳонгардӣ намоӣ, нахуст аз мавзеъҳои диданбоби ватани худ оғоз намо!». Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мавзеъҳои беназиру дилрабо, маконҳои таърихӣ ва табиати пурафсуне аст, ки баҳри диданаш сайёҳони хориҷӣ аз дуриҳои дур ташриф меоранд. Пас чаро аз фурсати муносиб истифода набарему шитоб ба сӯйи кашфи маконҳои дилфиреби диёр ва таблиғи манзараҳои нотакрори Ватан насозем?

Одатан ҳангоми саёҳат барои шахс надонистани забони маҳали сафар ва урфу одатҳои онҳо мушкил мешавад. Дар сайёҳии дохилӣ ин мушкил ҷой надорад, зеро шаҳрвандон бо як забон ҳарф зада, ҳамдигарро хуб мефаҳманд. Дигар омили мусоидаткунандаи сайёҳии дохилӣ- ин дастрасии нархҳо буда, сафар дар дохили мамлакат нисбат ба кишварҳои хориҷӣ камхарҷтар аст. Ғайр аз ин, сайёҳии дохилӣ барои огоҳии комил пайдо намудани сокинон бо имконоти гардишгарии мамлакат, шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти мардуми минтақаи дигар, фарҳангу тамаддуни қадимӣ ва дар ин замина ба рушду тавсеаи сайёҳии воридотӣ таъсири назаррас хоҳад расонд. Муҳим аз ҳама, боздид ва шиносоӣ бо мавзеъҳои нодир ва беназири сайёҳии мамлакат ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ, ифтихор аз Ватану соҳибистиқлолиро боло бурда, ваҳдати миллиро боз ҳам устувор мегардонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳон метавонанд бо ҷойҳои таърихиву тамошо, аз қабили Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, Қалъаи Хуҷанд, пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм, Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, Маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрӯд, Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, Осорхонаи миллӣ, осоишгоҳҳои «Гармчашма», «Ямчу» (Биби Фотимаи Заҳро), «Баҳористон», «Сатурн», «Хоҷа Оби гарм», «Сароб», Сафеддара», «Пули сангин», «Чилдухтарон» ва дигар мавзеъҳои ҷолиб шинос шаванд. Ин имкон медиҳад, ки сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо гузаштаи миллати тоҷик аз наздик шинос шуда, аз табиати биҳиштосои диёр,  обу ҳавои аз ҷиҳати экологӣ тоза, чашмаҳои дорои  хусусияти табобатии нодир ва кӯлҳои зиёди кӯҳӣ таассуроти рангин бардоранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 27, 2023 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Дар «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» дастовардҳои соҳаи чорводорӣ муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Тоҷикистон ва Малайзия таъсиси платформаҳои муштаракро барои содирот ва воридот баррасӣ намуданд