Ҳайати «Амонатбонк» дар ҷаласаи 29-уми Гурӯҳи минтақавии Осиё дар Мумбай иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҷаласаи 29-уми Гурӯҳи минтақавии Осиё ва Форуми ҷаҳонии молиявии соҳибкории хурду миёна дар соли 2023, ки бо ташаббуси Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузор ва чакана (WSBI) дар ҳамбастагӣ бо Бонки давлатии Ҳиндустон дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон доир гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Амонатбонк» иттилоъ доданд.
Дар ҷаласаи 29-уми Гурӯҳи минтақавии Осиё аз ҷониби Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузор ва чакана (WSBI) вобаста ба ҷараёни корҳо дар соли 2023 ва нақшаҳои минбаъда дар соли 2024 рӯнамоӣ манзур гардид. Дар он намояндагони бонкҳои амонатгузории аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) аз давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуда, оид ба дастовардҳои молиявии худ рӯнамоӣ пешниҳод намуданд.
Дар ҷаласа мушкилиҳои соҳа, пешниҳод ва имконият, экосистемаи рақамӣ ва ҳамкории байнибонкӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон бо ташаббуси Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Форуми ҷаҳонии маблағгузории соҳибкории хурду миёна бо иштироки беш аз 700 нафар намояндагони ширкату бонкҳо доир шуд, ки дар он масъалаҳои марбут ба маблағгузории соҳибкории хурду миёна, дастгирии занони соҳибкор ва нақши соҳибкории хурду миёна дар рушди иқтисодиёт баррасӣ шуданд.
«Амонатбонк» аз соли 2004 аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана буда, то имрӯз бо он дар самтҳои гуногун ҳамкорӣ менамояд.
Беш аз 6700 бонки амонатгузор ва чакана аз тамоми дунё аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана буда, бештари масъалаҳое, ки бо ташаббуси ин институт баррасӣ мегарданд, аз танзими ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи ихтисоси мутахассисони бонкҳои аъзо иборат мебошад.
АКС: «Амонатбонк»










Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истеҳсоли барқ оғоз намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «TajTech – 2026» доир мегардад
РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор шуд
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Нахустин мулоқоти ҳамоҳангсозони миллии Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон тақвияти робитаҳои байнибонкии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир гардид
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия густариш медиҳанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»






