Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми глобалии сиёсат дар Манила иштирок намуд

Сентябрь 22, 2023 15:16

ДУШАНБЕ, 22.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар шаҳри Манилаи Филиппин дар Форуми глобалии сиёсат иштирок намуд. Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ин форум бо даъвати Алянс барои фарогирии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion – AFI) доир шуд.

Дар доираи форум ҷаласаи 8-уми Маҷлиси умумии солонаи AFI бо иштироки давлатҳои аъзо, вобаста ба тасдиқи нақшаи стратегии AFI барои солҳои 2024-2028, сохтор ва миқдори ҳаққи узвият барои солҳои 2024-2026, манифести Манила ва тағйирот ба Оинномаи AFI доир гашт, ки дар он ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуд. Ҳамзамон бо иштироки намояндагони Арманистон, Муғулистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ҷаласаи ташаббуси танзимии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (ECAPI) дар мавзуи «Фарогирии хизматрасонии молиявӣ дар ECAPI дар солҳои 2023-2025 ва давраи минбаъда» баргузор гардид.

Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои марбут ба фарогирии молиявӣ, таъмини ҳифзи иттилоот, татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди танзим ва назорат, рушди инфрасохтори молиявии рақамӣ, қобилияти молиявӣ ва саломатии молиявӣ бо мулоҳизаҳои андозагирӣ ва усулҳои ҳамгироии онҳо дар стратегияҳои миллии фарогирии молиявӣ, андозагирии ҳисоботи фарогир оид ба маблағгузории сабз, чаҳорчӯбаи нишондиҳандаҳои саводнокии рақамии молиявӣ ва маблағгузории фарогирии гендерӣ табодули афкор намуданд.

Инчунин дар гурӯҳҳои корӣ таҷрибаи аъзо дар самти пешбурди назорати молиявӣ ва татбиқи стандартҳои нави байналмилалӣ, роҳҳои инноватсионии ҳамгироии ҷавонон ба фарогирии молиявӣ, нишондиҳандаҳои мақсаднок, муҳиммияти рақамикунонии хизматрасонии молиявӣ, маблағгузории соҳибкории хурду миёна, ҷамъоварии маълумот ва заминаи ҳуқуқӣ дар ин самт ва ноил шудан ба ҳадафҳои асосӣ ва тавсеаи маблағгузории сабзи фарогир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар анҷоми Форуми глобалии сиёсат ба роҳбари ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон, ки узви фаъоли Алянс дар самти рушди хизматрасонии молиявӣ, аз ҷумла рушди хизматрасонии молиявӣ барои занон ва ҷавонон мебошад, ҷоизаи «Сафир оид ба маблағгузории фарогирии гендерӣ» супорида шуд.

Дар ҳошияи форум ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарият ва намояндагони Бонки марказии Миср ва Бонки марказии Филиппин мулоқот намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба, ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ ва ҷалби кумаки техникию машваратӣ барои рушди самтҳои муҳими фаъолияти низоми бонкиро баррасӣ намуданд.

Алянс барои фарогирии молиявӣ яке аз ташкилоти пешрафтаи ҷаҳонӣ дар соҳаи таҳия ва татбиқи сиёсати фарогирии молиявӣ буда, 86 мақомоти давлатии беш аз 80 кишвари дунё аъзои он мебошанд. Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2011 инҷониб узви Алянс буда, дар пешбурди сиёсати фарогирии молиявӣ аз имконияти узвият дар ин ташкилот самаранок истифода мебарад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2023 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2025-2026 тағйир намеёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон дар сатми рушди соҳибкорӣ бо Амрико, Узбекистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нав бунёд мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ беш аз 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ фаъоланд
EKHIZMAT.TJ. Ин портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ пешниҳод менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ошкор карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Иқтидору имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми B5+1 дар Бишкек муаррифӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Ассамблеяи умумии Созмони ҳамкории рақамӣ иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3773 то 9.4100 сомонӣ муқаррар шудааст