Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

Сентябрь 27, 2023 10:36

ДУШАНБЕ, 27.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг Майер вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.

Ҷонибҳо аз ҳамкории судманд ва тӯлонӣ, ки аз соли 2009 то инҷониб идома доранд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамкории Агентии хизмати давлатӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ гуногунҷабҳа буда, дар самтҳои гуногун, аз ҷумла таҳсили хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи маблағгузории Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон), ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ барои хатмкардагони магистратура бо мусоидати Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон), ташкили сафари хизматию омӯзишии хизматчиёни давлатӣ дар хориҷи мамлакат ва ғайра амалӣ мешавад.

Ҷониби Бунёди Ҳаннс Зайдел изҳор дошт, ки омода аст дар ин самтҳо ҳамкориро бо Агентии хизмати давлатӣ боз ҳам тақвият бахшад.

Ҳамкорӣ ва маблағгузорои Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ ҳар се сол ба нақша гирифта шуда, соли равон даври ҷамъбастӣ мебошад. Даври маблағгузории навбатӣ барои солҳои 2024-2026 то нимаи дуюми моҳи октябри соли 2023 оғоз меёбад.

Ҷонибҳо изҳор намуданд, ки ҳамкории минбаъда низ дар сатҳи баланд амалӣ мешавад.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2023 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид