Қатар омодагии худро ба сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон изҳор намуд
ДУШАНБЕ, 29.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шурои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» — Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистонро муҳокима намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҷониби Қатар омодагии худро барои сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаҳои инфрасохтори соҳаи саноат, нақлиёт, сохтмон, сайёҳӣ, шаҳрсозӣ ва дигар лоиҳаҳои афзалиятнок баён намуд.
Ҷониби Қатар иттилоъ дод, ки ҳайати мутахассисонро барои омӯзиши лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи Тоҷикистон то моҳи ноябри соли равон ҷалб намуда, худи ҷаноби Файсал баҳори соли 2024 ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати амну босубот дар минтақа дорои захираҳои бузурги табиӣ ва имконияти васеъ барои сармоягузорон мебошад.
Соҳибкорони Қатар ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергияи «сабз», авиатсия ва инфрасохтори он, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, содирот, логистика ва сайёҳӣ ҳавасманд мебошанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо








Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид






