БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар мактаби №7-и шаҳри Турсунзода толори нави варзишӣ ба истифода дода шуд
ТУРСУНЗОДА, 05.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар рӯзҳои аввали соли нави таҳсил дар муассисаи таълимии №7-и шаҳри Турсунзода толори варзишии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Толори варзишии муассисаи таълимӣ аз ҳисоби соҳибкорон барқарор гардида, бо тамоми таҷҳизоти варзишии сатҳи баланд муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Минбаъд хонандагони муассисаи таълимӣ ва ҷавонону наврасони шаҳри Турсунзода метавонанд аз он самаранок истифода намоянд.
Масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода гуфтанд, ки ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назди муассисаҳои таълимии №82, №71, №31 ва №76 31 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешавад. Соли 2023 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода 65 синфхонаи иловагӣ бо 1528 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.
Дар айни замон сохтмони 6 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди 25 муассисаи таълимӣ идома дорад, ки дар умум 241 синфхонаи иловагӣ барои 5866 ҷойи нишастро ташкил медиҳад
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд






