БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: 32 тавсифи Истиқлол аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Сентябрь 9, 2023 11:28

ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзише аст, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид. Дар робита ба он суханҳои пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди Истиқлолият- ин шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод менамоем.

Истиқлолияти давлатӣ  ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо намудани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.

***

Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси мамлакат бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад. Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар сокини мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст доранд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

***

Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад.

***

Истиқлолияти давлатӣ дар баробари он ки неъмати бузург мебошад, ҳифзу таҳкими он ба дӯши мардуми мамлакат масъулияти азиме низ мегузорад. Яке аз омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

***

Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.

***

Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги мамлакат барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд.

***

Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.

***

Истиқлоли миллӣ ба ҳайси омили муттаҳидсозандаи халқи Тоҷикистон имкони таърихие пеш овард, ки мо дар давлатамон бо такя ба арзишҳои аз ҷониби умум пазируфта таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузорем.

***

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва мамлакати маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд.

***

Истиқлол арзишмандтарин комёбии халқи тоҷик дар охири асри бист ба ҳисоб рафта, Тоҷикистони азизамон маҳз ба туфайли он ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эътироф гардид ва мавқеи шоистаи худро дар байни кишварҳои мутамаддин соҳиб шуд.

***

Истиқлол нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон мебошад.

***

Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.

***

Муқаддас доштани истиқлолияти давлатӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёр вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Зеро маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ ва як овози баробар дорад, ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро мешиносад ва пешниҳодҳои онро дастгирӣ менамояд.

***

Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд.

***

Истиқлол дар сарнавишти мардуми мо тағйиру таҳаввули куллӣ ва дигаргунии бунёдӣ ба вуҷуд овард. Зеро ҳар соли истиқлолияти давлатии мо ҳам аз лиҳози масъулияти таърихӣ ва ҳам аз рӯи мушкилоте, ки бар сари халқамон омад, ба даҳсолаҳо баробар аст.

***

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсоз ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифт.

***

Истиқлолият, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани Парчами давлати тоҷикон мебошад.

***

Истиқлолияти давлатӣ оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули ҳувияти миллии мо ва муқаддастарину бузургтарин ҷашн барои мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

***

Истиқлолу озодӣ мояи ифтихору сарфарозӣ ва нангу номуси халқи мо аст, ки ба шарофати он беш аз се даҳсола инҷониб мо барои ободии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзем.

***

Истиқлолияти давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи ҷумҳурӣ мебошад.

***

Истиқлолияти давлатӣ оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули ҳувияти миллии мо ва муқаддастарину бузургтарин ҷашн барои мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

***

Истиқлолу озодӣ мояи ифтихору сарфарозӣ ва нангу номуси халқи мо аст, ки ба шарофати он беш аз се даҳсола инҷониб мо барои ободии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзем.

***

Мо бояд доим сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем ва ҳамаи кӯшишу имконияти худро ба хотири рушди давлатамон ва ободии сарзамини аҷдодиамон равона созем.

***

Муҳимтарин нишонаи ватандӯстии ҳар фард ифтихор аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва талош ба хотири таҳкими минбаъдаи онҳо мебошад.

***

Имрӯз мардуми шарифи мамлакат хуб дарк намудаанд, ки ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз баракати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ба даст омадаанд.

***

Зарур аст, ки мардуми мо, бахусус, насли ҷавони мамлакат андешаи истиқлоли миллиро ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири ҳаёт ва ҳастии худ, меҳвари нангу номус ва ҳувияту ғурури миллӣ шуморида, ба хотири таҳкими ҳарчи бештари он саъю талош намоянд.

***

Хурду бузурги ҷумҳурӣ бояд аҳаммият ва зарурати ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷиконро амиқан дарк намоянд ва дар хотир дошта бошанд, ки ҳар иқдому ташаббусе, ки ҳар яки мо имрӯз анҷом медиҳем, барои халқи Тоҷикистон ва фардои ободи фарзандонамон, яъне наслҳои оянда мебошад.

***

Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи ҷумҳурӣ мебошад.

***

Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем.

***

Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар оилаи мамлакат мебошад.

***

Тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд тавонистанд, ки монеаву мушкилоти эҷодкардаи душманони худро бо азми қавӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф намуда, дар рӯзҳои хеле душвору сарнавиштсоз зери парчами истиқлолу озодӣ муттаҳид гардида, давлати хешро ба рӯзҳои осудаву обод расонанд.

  ***

Ҳар шахсе, ки худро соҳибватан медонад ва мафҳумҳои истиқлолу озодиро муқаддас мешуморад, бояд ҳамаи андешаву амали худро ба он равона созад, ки омодагӣ ба ҳар ҷашни истиқлол, бахусус 35-солагии ин рӯйдоди сарнавиштсоз ба марҳалаи нави болоравии эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва вусъати созандагиву ободкорӣ мубаддал гардад.

Таҳияи Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2023 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода барои бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳо тозакунии каналу заҳбурҳо оғоз гардид
Дар деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд