Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб чорабинии тантанавӣ баргузор шуд

Сентябрь 9, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сокинони ноҳия ва фаъолон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони бахшҳои мақомоти иҷроия ва намояндагӣ, собиқадорон ва ва дигаррон иштирок намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода иброз дошт, ки имрӯз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистони азиз бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Ҳар сокини ноҳия бо дарки амиқ эҳсос менамояд, ки Истиқлолият ҳамчун дастоварди беназир барои миллату давлат муҳимтарин ва бебаҳотарин сарват аст.

«32 сол муқаддам миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас — Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид. Ноҳияи Варзоб худ зода ва ҳамсоли Истиқлолият аст, тули ин солҳо ба дастовардҳои беназир ноил шуд. Ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳатӣ ва туризм дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар асоси Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра симои худро дигаргун сохт. Дар асоси нақшаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ айни ҳол 39 иншооти ҷашнӣ бо маблағи 14 млн 997,154 сомонӣ бо шумораи 73 ҷойҳои нави кории доимӣ ба истифода супорида шуда, сохтмони 29 иншооти ҷашнӣ мувофиқи нақша идома дорад.», — таъкид шуд дар чорабинӣ.

Ҳамчунин, дар чорабинии тантанавӣ як қатор кормандони касбу кори гуногуни ноҳия барои хизматҳои содиқона дар рушди соҳа, иштироки пайваста ва саҳми арзанда гузоштан дар раванди корҳои ободонию созандагӣ бо мукофотҳои давлатӣ — медали «Хизмати шоиста» ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб қадрдонӣ шуданд.

Дар охир аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашуда пешниҳод карда шуд.

АКС: Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Варзоб

Сентябрь 9, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд