Дар ҷамоати Сайлиободои ноҳияи Лахш муассисаи таълимии замонавӣ ба истифода дода шуд
ЛАХШ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Тоҷварони Ҷамоати деҳоти Сайлиободи ноҳияи Лахш бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, ки бо сифати баланди меъморӣ сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш хабар доданд.
Бинои нави муассисаи таълимӣ дорои 9 синфхона буда, барои 150 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Муассисаи мазкур бо маблағгузории давлати Ҷопон бунёд гардида, синфхонаҳои он бо таҷҳизоту ловозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи синфхонаи ин муассисаи наву замонавӣ бо мизу курсӣ таъмин гардиданд.
Дар маросими ба истифода додани мактаби мазкур Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аики иштирок намуданд.
Зимни кушодашавии муассисаи мазкур иброз гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҳамасола дар қаламрави ноҳия муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замон ба истифода дода мешаванд. Сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба соҳаи маориф ва таъмини шароити хуби меҳнатии омӯзгорон аз он дарак медиҳад, ки соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Имконияти мусоид ва дастгириву ғамхориҳо аҳли маорифро муваззаф месозанд, ки рисолати хешро иҷро намуда, сатҳу сифати дониши хонандагон ҷавобгӯ ба меъёрҳои замона гардад.
Мудири маорифи ноҳияи Лахш Шининмоҳ Шарифзода иброз дошт, ки «бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва шарикони рушд барои мо, омӯзгорон дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ду бинои нави муассисаҳои таълимии замонавӣ сохта, ба омӯзгорону хонандагони ноҳия туҳфа гардид. Ин муассисаҳои таълимӣ дорои утоқҳои фаннӣ, синфхонаи алоҳидаи компютерӣ, китобхона мебошанд, ки хонандагону омӯзгорон аз он самаранок истифода менамоянд. Мо, омӯзгорон ҷавобан ба ин ғамхориҳои давлат кӯшиш менамоем, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем».
Бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Лахш боз се иншооти дигар- толори варзишии деҳаи Майдонтираки Ҷамоати деҳоти Наврӯз, муассисаи таълимии №7-и деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Сайлиобод, иборат аз 9 синфхона ва мумфаршкунии 3 км роҳҳои маркази ноҳия ба истифода дода мешаванд.
Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 124 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То ба имрӯз 31 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар 93 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд






