Дар Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин ҳамоиш дар чорчӯби панҷумин Вохўрии ҷашнии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки 14-15 сентябр бо раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш 15 ширкати тавлиди хӯрокворӣ, сохтмонсозӣ, нафтӣ, кимиё, IT, дорусозӣ аз Қазоқистон ширкат доштанд, ки ба Тоҷикистон колову хадамот содир мекунанд ва ё дар нақша доранд дар оянда содир кунанд.
Дар ҳамоиши мазкур таъкид шуд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон имрӯзҳо дар чорчӯби қарордодҳои дуҷониба барои таъмини бозори дохилӣ ва содироту воридоти колову хадамоти гуногун кӯшишу талош доранд.
Ҳамчунин ёдоварӣ шуд, ки Форум барои густариши имконоти тиҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон, табодули таҷриба ва густариши равобит миёни бозаргонони ду мамлакат, ҳамчунин таҳким ва рушди ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои мухталиф хидмат мекунад. Ҳамзамон иштироккунандагон ҳадафи аслии ҳамоишро роҳандозии равобити мустақим ва фаъолсозии равобити тиҷории корхонаҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон унвон карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 1,5 миллиард долларро ташкил дод, ки ин рақам нисбат ба соли 2021 ба андозаи 263 млн ё 22, 2% бештар аст. Ёдовар мешавем, ки равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






