Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 05.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 7 сентябр, соати 17:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» таҳти унвони «Намудҳои миллии варзиш-рукни асосии фарҳанги миллӣ» Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Фестивал бо ҷалби устодону мураббиён ва донишҷӯёну варзишгарони муассисаҳои таълимӣ ва тайёрии варзишии ҷумҳуриявию шаҳрӣ ба нақша гирифта шуда, дар он 47 намуди бозиҳои миллии варзишӣ бо тарзу усули маҳаллӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад.
Ҳадаф аз баргузории фестивал- эҳё намудани бозиҳои миллии варзишӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ рушд ёфта, баҳри оммавӣ гардидани он тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Тӯли чанд соли охир зери сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бозиҳои миллии варзишӣ эҳё гардида, дар гӯшаву канори Тоҷикистон бо тарзу услубҳои хоси миллӣ гузаронида мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






