Дар Душанбе Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Сентябрь 11, 2023 08:29

ДУШАНБЕ, 11.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар кори он волонтёрони фаъол, ташкилоти волонтёрӣ, сиёсатшиносон ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамоянд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мақсад аз баргузории Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ муттаҳид намудани волонтёрон, ташкилоти волонтёрӣ, сиёсатшиносон ва ҷонибҳои ҳавасманд ҷиҳати омӯхтани равишҳои инноватсионӣ барои амалӣ намудан ва рушди фаъолияти волонтёрӣ, ташвиқи фаъолияти волонтёрӣ ҳамчун  амали муҳим барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мебошад.

Вазифаҳои асосии форуми мазкур аз мубодилаи таҷриба дар соҳаи таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои волонтёрӣ иборат буда, дар раванди баргузории форуми мазкур ҷонибҳо вобаста ба фаъолияти ҳаракатҳои волонтёрии давлатҳои худ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, дастовардҳои худро дар ин раванд муаррифӣ менамоянд.

Ҳамзамон иштирокчиёни форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ атрофи масъалаҳои мубрам оид ба тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор тавассути якҷоя намудани саъю кӯшишҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар раванди таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштараки волонтёрӣ ибрози андеша  менамоянд.

Ҳамзамон  форуми мазкур ба пурзӯр намудани робитаҳои дӯстона ва фарҳангӣ байни ҷавонони Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 11, 2023 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад