Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав идома дорад
ДУШАНБЕ, 11.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Боғи фарҳангӣ- фароғати ба номи Садриддин Айнии пойтахт намоиш-фурўши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти саноатӣ, хўрокҳои миллии сокинони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав бо шукуҳў шаҳомати хоса баргузор гардид, хабар медиҳаб мухбири АМИТ «Ховар».
Боғи мазкур ба таври идона ороста шуда, аз чеҳраи ҳар як сокину меҳмони пойтахт аз он ки Иди фархундаи миллӣ- Истиқлолияти давлатиро дар фазои суботу оромӣ ҷашн мегиранд, болидаруҳӣ ва ифтихори зиёд ҳувайдо буд.
Дар чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Душанбею Турсунзода, ноҳияҳои Исмоли Сомонӣ ва Шаҳринав иштирок намуда, бо маҳсули дасти кишоварзону ҳунармандон шинос шуданд.
Дар намоиш-фурўш аз ҷониби деҳқонони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав беш аз 20 номгўи маҳсулоти тару тозаи кишоварзию саноатӣ, сабзавоту меваҷот, донагӣ, гўшти парандаю чорво бо нарҳои дастрас пешкаши сокинони пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе гардонида шуд.
Маврид тазаккур аст, ки сол то сол дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав майдони кишти маҳсулоти кишоварзӣ, боғу токзор зиёд гардида, ҳаҷми ҳисаи маҳсулоти кишоварзӣ ба маротиб зиёд гардида истодааст.
Кишоварзони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав сол аз сол дар заминаи иҷрои дастуру роҳнамоиҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш медиҳанд.
Дар ифтитоҳи намоиш –фурўши мазкур таъкид гардид, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Маҳз бо шарофати Истиқлолият соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва имрўз сокинон дар фазои ободу озоди Ватан бо хушҳолӣ ва фараҳи бепоён зиндагӣ мекунанд.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дастовардҳо дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба намоиш гузошта шуд.
Дар гўшаҳои алоҳидаи боғ аз ҷониби ҳунарамандони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, бахусус бонувон намунаи ҳунарҳои мардумӣ -зардўзию гулдўзӣ, атласу адрас, инчунин аз коргоҳу корхонаҳои дўзандагӣ либоси мактабӣ ва заргарӣ пешниҳоди сокинон гардонида шуд.
Дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав бо ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва рушду инкишофи ҳунару анъанаҳои қадимаи миллӣ тадбирҳои судманд андешида шуда, таваҷҷуҳи ҷавонон ба омўзиши онҳо тайи солҳои охир дучанд гардидааст.
Оҳангарӣ, табақтарошӣ, сабадбофӣ, қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳо дар гўшаҳои алоҳидаи намоишгоҳ пешкаши сокинон гардид.
Дар намоишгоҳ беҳтарин анвои кишоварзӣ, маҳсули дасти ҳунармандон ва таомҳои миллӣ аз ҷониби кадбонуҳо ба таври густурда муаррифӣ карда шуд.
Баргузории чунин намоиш-фурўши маҳсулоти кишоварзӣ дастархони меҳмонону сокинони пойтахтро ғанӣ гардонида, барои захираи бештари буҷаи ҳар як оила мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз 9 то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода























Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд






