Дар иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ раёсат аз Тоҷикистон ба Узбекистон гузашт

Сентябрь 22, 2023 16:51

ДУШАНБЕ, 22.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.

Дар ҷаласа Раиси Шурои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар бораи ҷараёни иҷрои «Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои иштироккунандаи ИДМ» ва қарори ҷаласаи Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳисобот дод.

Сардори Саридораи геология иброз дошт, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон якчанд корҳо амалӣ шуданд, ки онҳо ба таъмини рушди соҳаи геологияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил такони ҷиддӣ бахшида метавонанд. Аз ҷумла, 16 ноябр дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки дар он натиҷаи татбиқи «Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар солҳои 2021-2025» мусбат арзёбӣ шуд.

Ҳамчунин дар ин давра пешниҳоди Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати таъсиси гурӯҳи корӣ аз ҳисоби коршиносони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои баррасии самтҳои мубрами рушди геология ва истифодаи қаъри замин дар шароити муосир дастгирӣ гардид. Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва дар давраи ҳисоботӣ ду ҷаласа баргузор намуд, ки дар он самтҳои мубрами рушди ҳамкорӣ дар шароити муосири ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон дар иҷлосияи XXV қарори лоиҳаи «Нақшаи дурнамои ҳамкории муштарак оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил барои солҳои 2023-2030» маъқул дониста шуда, дар ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 19 апрели соли равон тасдиқ шуд.

Гуфта шуд, ки «Нақшаи дурнамои ҳамкории муштарак оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2023-2030» бо дарназардошти таҷрибаи ҳосилшуда ва вазифаҳои нав таҳия гардида, самтҳои асосии фаъолияти муштараки хадамоти геологии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-ро то соли 2030 дар бар мегирад.

Нақшаи мазкур дорои 40 чорабинӣ оид ба 13 самти асосии ҳамкорӣ дар соҳаи сохтори геологӣ буда, таърихи рушди геологӣ, қонунияти ҷойгиркунии конҳои маъданҳои фоиданок, арзёбии иқтидори маъданӣ ва ашёи хом ва истифодаи обҳои зеризаминии қаламравҳои наздисарҳадии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, пешгӯии равандҳо ва зуҳуроти хатарноки геологӣ, аз ҷумла бо ёрии мониторинги кайҳонӣ, таҳқиқоти металлогенӣ ва лабораторӣ — таҳлилӣ, тағйироти рақамии соҳаи геология, таъминоти иттилоотӣ — таҳлилӣ ва барномавӣ-технологии омӯзиши геологӣ ва барномавӣ-технологии омӯзиши геологии зеризаминӣ, ташаккули фазои умумии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи зеризаминӣ, маъмулгардонии илмҳои геологӣ дар байни мактаббачагон ва донишҷӯён ҳамчун кафолати ташаккули заминаи кадрҳои соҳа бо мақсади таҳким ва рушди минбаъдаи он дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-ро дар бар мегирад.

Дар кори иҷлосия намояндагони ваколатдор ва коршиносони Шурои байниҳукуматӣ, аз ҷумла сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири саноати кӯҳӣ ва геологияи Ҷумҳурии Узбекистон, муовини вазири Вазорати захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Беларус, муовини Раиси Кумитаи геологияи Вазорати экология, геология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон, роҳбари Агентии федералии истифодаи қаъри замини Федератсияи Русия ва мушовири Департаменти ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Зимни иҷлосия инчунин роҳбарони мақомоти геологияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҷараёни иҷрои «Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои иштироккунандаи ИДМ» ва қарори ҷаласаи Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳисобот доданд.

Баъди баррасии масъалаҳои рӯзнома якчанд ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд, ки ба рушди соҳаи геологияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон такон мебахшанд.

Тибқи қарори ҷаласа, раёсат дар Шурои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2024 ба таври расмӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон вогузор шуд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Маркази матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2023 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Вашингтон мизи мудаввари сатҳи баланди соҳибкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид
Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифтанд
Кишоварзони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро пурра иҷро намуданд
Шурои машваратии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид
Ҳаҷми маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои дар ҳоли рушд ҷиҳати татбиқи 22 лоиҳа тасдиқ гардид
Дар Суғд ба 60 нафар занони ҳунарманд гранти Раиси вилоят супорида шуд
Тоҷикистон ва Қатар роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданиро баррасӣ карданд
Дар Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир беш аз чор миллион ҷойи кор таъсис ва барқарор гардидааст
Дар Душанбе Муколамаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «80 миллион нафар, 5 кишвар, 1 овоз» доир гардид
Дар Форуми байналмилалии «Хатлон инвест-2025» байни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии солонаи аъзоёни Шабакаи байниидоравии Камден иштирок намуд