Дар шаҳри Душанбе вохӯрии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ доир мешавад

Сентябрь 10, 2023 10:15

Марказӣ доир мешавад

ДУШАНБЕ, 10.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар шаҳри Душанбе дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал вохӯрии ҳузурии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» доир мегардад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вохӯрӣ аз ду ҷаласаи панелӣ иборат буда, масъалаҳои «Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ», «Ташаббусҳои экологии Осиёи Марказӣ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор»-ро мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода, вобаста ба мавзуъҳои мазкур меҳмонону иштирокдорон мубодилаи афкор менамоянд.

Доир ба масъалаҳои баррасишаванда ва вобаста ба андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби иштирокчиён тавсияҳои ҳамкорӣ дода шуда, ба унвони сарони давлатҳо изҳороти аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ қабул мешавад.

Инчунин дар назар аст, ки аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ ва ҳайати расмии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон дар доираи баргузории чорабинӣ бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва маҷмааи «Кохи Наврӯз» шинос шуда, дар Фестивали «Оши палав» ва чорабинии фарҳангии «Шоми дӯстӣ» иштирок намоянд.

Сафари кории меҳмонон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 рӯз идома ёфта, 15 сентябр аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ бо Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 10, 2023 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад