Дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калинингради Русия баррасӣ гардид

Сентябрь 23, 2023 16:13

ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 сентябр дар вилояти Калининград Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калининградро баррасӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Аз ҷумла Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Калининград Антон Алиханов мулоқот намуд. Доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калининград дар соҳаҳои маориф ва илм, сайёҳӣ, тандурустӣ, саноат, муҳоҷирати меҳнатӣ табодули афкор намуда,  ба робитаҳои ҳамаҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Сафири Тоҷикистон дар идомаи мулоқот ҳайати намояндагони вилояти Калининградро барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе-Инвест 2023”, ки 29-30 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват намуд.

Ҳамчунин Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбари Маъмурияти шаҳри Калининград Елена Дятлова, президенти Иттиҳодияи “Палатаи савдо ва саноати Калининград” Лапин Феликс ва директори филиали Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия Михаил Плюхин мулоқот анҷом дод.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик, ҳамватанон ва фаъолони ҷамъияти тоҷикони муқими вилояти Калининград вохӯри намуд.


Сафири Тоҷикистон ба ҳозирин дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, аз  ҷумла аз ҷониби СММ Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани  соли 2025 маълумот дод.

Ҳамзамон доир ба тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли якчанд масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо андешида маълумот дода шуд.

Дар баробари ин аҳаммияти тақвият додани равобит ва ҳамкорӣ байни  роҳбарони ташкилоту ҷамъияти тоҷикон ва ҳамватанон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шомилшавӣ дар созмонҳои экстремистӣ ва риояи қонунҳои кишвари иқомат  таъкид шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳамватанон суолу дархостҳои гуногун пешниҳод намуда, аз ҷумла перомуни масъалаи  ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои консулӣ  посух гирифтанд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Сентябрь 23, 2023 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд