«ДУШАНБЕ-ИНВЕСТ 2023». 29-30 сентябр дар пойтахт Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор мешавад

Сентябрь 11, 2023 11:24

ДУШАНБЕ, 11.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29-30 сентябр бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» баргузор мешавад. Дар ин Форум намояндагони  давлатҳои хориҷӣ,  созмонҳои байналмилалӣ,  вазорату кумита ва дигар сохторҳои марбути мамлакат иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форуми мазкур дар Кохи Истиқлол  оғоз гардида, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо баргузории ҷаласаҳои панелӣ идома меёбад. Мавзуъҳои баррасишаванда дар ин  нишастҳо  -«Имконоти сармоягузории шаҳри Душанбе», «Саноат- омили асосии  рушди иқтисодӣ  ва заминаи мусоид барои сармоягузорӣ», «Тоҷикистон- мамлакати  энергияи «сабз», иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика», «Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя», «Рушди иқтисодиёти «сабз», рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Точикистон», «Имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи  кишоварзӣ  ба бозори ҷаҳонӣ»,  «Рушди нақлиёт, логистика ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ», «Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, дурнамои рушди  соҳаи  дорусозӣ ва тибби хусусӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра мебошанд.

Дар рӯзи дуюми баргузории форуми мазкур иштирокдорони он ба се гурӯҳ ҷудо шуда, ба корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Душанбе,  Норак ва Турсунзода  рафта, бо фаъолияти онҳо аз наздик  шинос мешаванд.

Ҳадафи форум- муаррифии бештари зарфияту фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин фароҳамсозии имконият барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат маҳсуб мешавад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 11, 2023 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд