«ДУШАНБЕ-ИНВЕСТ 2023». 29-30 сентябр дар пойтахт Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 11.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29-30 сентябр бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» баргузор мешавад. Дар ин Форум намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, вазорату кумита ва дигар сохторҳои марбути мамлакат иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форуми мазкур дар Кохи Истиқлол оғоз гардида, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо баргузории ҷаласаҳои панелӣ идома меёбад. Мавзуъҳои баррасишаванда дар ин нишастҳо -«Имконоти сармоягузории шаҳри Душанбе», «Саноат- омили асосии рушди иқтисодӣ ва заминаи мусоид барои сармоягузорӣ», «Тоҷикистон- мамлакати энергияи «сабз», иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика», «Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя», «Рушди иқтисодиёти «сабз», рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Точикистон», «Имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ба бозори ҷаҳонӣ», «Рушди нақлиёт, логистика ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ», «Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, дурнамои рушди соҳаи дорусозӣ ва тибби хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра мебошанд.
Дар рӯзи дуюми баргузории форуми мазкур иштирокдорони он ба се гурӯҳ ҷудо шуда, ба корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Турсунзода рафта, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос мешаванд.
Ҳадафи форум- муаррифии бештари зарфияту фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин фароҳамсозии имконият барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат маҳсуб мешавад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид






