Франсис Малиж: «Низоми бонкии Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои хуби иқтисодӣ ноил гардидааст»
ДУШАНБЕ, 28.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии бахши молиявӣ, низоми бонкии мамлакат ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) таҳти роҳбарии Директори иҷроияи департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ Франсис Малиж дар Душанбе баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Иброз гардид, ки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода саҳми БАТР-ро дар таҳкими низоми бонкии Тоҷикистон, аз ҷумла тақвияти идоракунии корпоративӣ, рушди бозори асъор ва сармоя, мукаммал гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, инчунин баланд бардоштани тахассуси кормандони бахши низоми бонкии мамлакат назаррас арзёбӣ намуд. Таъкид шуд, ки БАТР бо бахши низоми бонкии мамлакат дар ташкили машғулияти бозомӯзӣ барои иштирокдорони бозори молиявии Тоҷикистон фаъолона ҳамкорӣ менамояд, ки он барои пешрафти иқтисодии ҷумҳурии мо муҳим мебошад.
Мусоҳибон доир ба оғози марҳилаи дуюми маблағгузории иқтисоди “сабз”, хавфҳои тағйирёбии иқлим, дастгирии имконияти рушди устувори бозори суғурта дар Тоҷикистон, сармоягузории ташкилоти қарзии молиявӣ ва ҳавасмандии Бонки миллии Тоҷикистон барои идомаи ҳамкорӣ бо БАТР мубодилаи афкор намуда, барои тавсеа бахшидани ҳамкории судманд дар оянда омодагии худро баён доштанд.
Директори иҷроияи департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ Франсис Малиж гуфт, ки низоми бонкии Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои хуби иқтисодӣ ноил гардидааст.
Мавсуф ҳамчунин аз ҳамкории мутақобилаи судманди бисёрсолаи БАТР бо низоми бонкии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки БАТР бо истифода аз имконияти мавҷуда дар амалӣ гардонидани ислоҳот дар бахшҳои суғурта ва низоми пардохт, аз ҷумла пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасонии рақамии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» муҳимияти он бештар гардид, кумакҳои техникӣ мерасонад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1060 сомонӣ муқррар шудааст
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд






