ИФТИХОРИ ТОҶИКИСТОН! Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 ба медали тилло шарафёб гардид!

Сентябрь 25, 2023 15:25

ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои Осиёии Ҳанжоу-2022 медали тилло ба даст овард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Мавриди тазаккур аст, ки Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Сомон бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз ғалаба намуда, ба даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёи Ханжоу баромад.

Дар қисмати ниҳоӣ Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг бо Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ сабқат намуда, бар ӯ бо як вазарӣ ғолиб омад ва сазовори медали тилло гардид.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз 23 сентябр то 8 октябри соли 2023 дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор мегарданд. Дар он 481 маҷмуи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш гузошта шудааст. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 138 варзишгар дар 18 намуди варзиш сабқат менамоянд.

Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Ба варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, медали нуқра 100 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расидааст, ки тибқи он, ба гирандагони медали тилло хонаи 3-ҳуҷрадор, медали нуқра- 2 ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1- ҳуҷрадор тақдим мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 25, 2023 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бозии ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад
Маротибаи аввал дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар мусобиқаи Grand Slam соҳиби 11 медал ва ҷойи якум гардид
Моҳи май дар Бадахшон мусобиқаи вилоятии футбол доир карда мешавад
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Имрӯз дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 5 медал ба даст оварданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон моҳвораи футбол оғоз гардид
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Тоҷикистон ҳамчун мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 барои тимҳои олимпӣ (U-23) тасдиқ гардид
Дастаи ҷудои Тоҷикистон аз Чемпионати ҷудои Осиё бо 7 медал баргашт
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. 238 варзишгар аз 28 давлати ҷаҳон ва 4 қитъаи олам барои иштирок номнавис шудаанд