«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ОМИЛИ ҲИФЗИ БАҲРИ АРАЛ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши рассомони Осиёи Марказӣ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 14.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо – омили ҳифзи баҳри Арал» намоиши офаридаҳои рассомони давлатҳои Осиёи Марказӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар намоиш наздик ба 100 асари рассомӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки аз ҷониби мусаввирони давлатҳои Осиёи Марказӣ офарида шудаанд. Мавзуи асосии мусаввараҳо табиат, об, тағйёбии иқлим ва наҷоти баҳри Арал буда, дар сатҳи баланд ва жанрҳои гуногуни ҳунари рассомӣ офарида шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҷумҳурии сероб буда, дорои 13 000 пирях, 1300 кӯл, 947 дарё, ҳазорҳо чашма ва обҳои маъданӣ мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, дар асарҳои рассомони Тоҷикистон манзараҳои зебои диёр, аз ҷумла пирях, кӯл, обанбор ва руду дарёҳо зиёд тасвир гардидаанд.
Дар асарҳои рассомони давлатҳои Қазоқистон ва Узбекистон бештар фоҷеаи баҳри Арал инъикос гардидааст. Зеро, яке аз фоҷиаҳои экологии Осиёи Марказӣ – аз байн рафтани баҳри Арал мебошад. Баҳри мазкур то тамоюли хушкшавӣ, калонтарин кӯл дар Осиёи Марказӣ ва чорумин дар ҷаҳон ба ҳисоб мерафт ва аз дарёҳои Сир ва Ому об мегирад. Зимнан Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои болооби минтақа буда, зиёда аз 60%-и захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз ҳудуди Тоҷикистон сарчашма мегирад. Сарчашмаи асосии обҳои Осиёи Марказӣ пиряхҳо буда, Тоҷикистон аз ин сарват бой мебошад. Масоҳати умумии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 8500 км2 буда, қариб 6 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро ташкил медиҳанд ва дар баландиҳои аз 3500 то 7495 метр ҷойгир мебошанд.


Ҳифзи ин пиряхҳо омили ҳифз ва наҷоти баҳри Арал буда, дар асарҳои рассомони далатҳои Осиёи Марказӣ инъикос ёфтааст. Ҳадафи асосии намоиш ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мавзуи ҳифзи пиряхҳо ва бо ин омил наҷоти баҳри Арал мебошад.
Дар доираи намоиш ба рассомони иштирокчӣ ва нафароне, ки дар ташкил ва баргузории ин намоиш саҳми назаррас гузоштанд «Гувоҳнома» тақдим карда шуд.
Намоиши мазкур дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА), ки 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ифтитоҳ гардид ва то пагоҳ идома меёбад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд






