Қитъаи «Қизилқалъа-Бохтар»-и роҳи автомобилгарди «Душанбе –Бохтар» ба истифода дода шуд

Сентябрь 2, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 02.09.2023 /АМИТ «Ховар»/.  1 сентябр қитъаи  «Қизилқалъа –Бохтар»- и роҳи автомобилгарди «Душанбе –Бохтар» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими он Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Акихико Танака ва Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошихиро Аики иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вазири нақлиёт Азим Иброҳим  ва  Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Ҳукумати Ҷопон барои кумак ва дастгирии доимии рушди нақлиёт ва дигар соҳаҳои ҷумҳурии мо  миннатдорӣ баён намуданд. Гуфта шуд, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибати хуби ҳамкориро бо шарикони рушд, аз ҷумла бо Ҳукумати Ҷопон ба роҳ мондааст.

Корҳои сохтмонии лоиҳаи таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар дар роҳи автомобилгарди «Душанбе-Бохтар» моҳи июни соли 2021 оғоз ёфта, моҳи майи соли 2023 пурра ба анҷом расиданд.

Маблағи умумии гранти ҷудошуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон 3,2 миллиард йени ҷопонӣ (тақрибан 31 миллион доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад. Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, машваратчӣ ширкати ҷопонии «CTI Engineering international, Co., Ltd.» ва пудратчии асосӣ ширкати ҷопонии «Dai  Nippon Construction» мебошанд.

Дар татбиқи лоиҳа 30 нафар мутахассиси хориҷӣ ва зиёда аз 200 нафар мутахассисони маҳаллӣ, инчунин техника ва механизмҳои пуриқтидори сохтмонии ҳозиразамон ҷалб гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки 24 апрели соли 2023 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонии лоиҳа шинос шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва саҳми мутахассисони ҷопонӣ баҳои баланд доданд ва ба Ҳукумати Ҷопон барои кумакҳои пайваста дар самти дастгирии рушди Тоҷикистон, бахусус дар соҳаҳои инфрасохтор, кишоварзӣ ва тандурустӣ изҳори сипос намуданд.

Роҳи лоиҳавӣ дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус раҳоӣ бахшидан аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардидааст ва ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди чунин роҳҳои  хушсохту замонавӣ беҳтар гардонидани хизматрасонии нақлиётӣ, интиқоли молу маҳсулоти гуногун аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойтахти мамлакат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар давраи сохтмон ва беҳтарсозии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мешавад.

Президенти JICA Акихико Танака аз ҳамкории Ҷопон бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии  Тоҷикистон изҳори каноатмандӣ намуда,  аз лоиҳаҳои  дигари Агентии ҳакмкории байналмилалии Ҷопон дар соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон ёдовар шуд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи мошингарди «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ» навсозӣ мешавад
НЕРУГОҲИ ОФТОБӢ. Ширкати «Mаsdar» дар Тоҷикистон чунин неругоҳро бо иқтидори 400 мегаватт бунёд менамояд
Лоиҳаи Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон нахустин лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт татбиқ карда мешавад
Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва UNDP оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо созишнома ба имзо расид
Аз 1 январ раёсат дар Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба 17 миллион сомонӣ баробар гардид
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд
Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»