Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе 32-солагии Истиқлолро бо натиҷаҳои назарраси хизматӣ таҷлил намуданд

Сентябрь 8, 2023 13:24

ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши  тантанавӣ ва дар доираи маҳфили «Маърифати ватандӯстӣ» машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати мазкур хабар доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ  дастоварди пурарзиштарини мардуми куҳанбунёд ва тамаддунсози миллати тоҷик ба ҳисоб  меравад.  Он дар натиҷаи талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи бонангу номус ва шарафманди миллати тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонӣ  ба даст омадааст. Бояд гуфт, ки маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандона, фаъолияти пурсамар ва талошу заҳматҳои Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Ватани азизу маҳбубамон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва рӯзгори осоиштаи шаҳрвандон таъмин мебошад.

Таъкид карда шуд, ки фаъолияти шабонарӯзии кормандони мақомоти милитсия дар арафаи ҳама иду ҷашнҳои умумимиллӣ аз ҷониби роҳбарияти  мамлакат қадрдонӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, дар арафаи таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки зиёда аз 90 нафар кормандони милитсияи шаҳри Душанбе барои хизматҳои содиқонаву софдилона ва натиҷаҳои назарраси хизматӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ ва «Ифтихорнома»-и Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин бо «Сипоснома» ва «Раҳматнома»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 8, 2023 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд