Моҳи октябр нахустин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор мешавад

Сентябрь 10, 2023 13:16

ДУШАНБЕ, 10.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли равон дар Душанбе нахустин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.

Интизор меравад, ки филмсозони давлатҳои хориҷӣ дар  ин ҷашнвора иштирок намуда, беҳтарин филмҳои худро ба намоиш гузоранд.

Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 то 19 октябри соли равон бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик дар шаҳри Душанбе доир мешавад. Мақсади он аз дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» иборат мебошад.

Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» барои мутахассисони соҳаи кинои байналмилалалӣ арсаи муҳим арзёбӣ гардида, дар он синамогарони маъруфи давлатҳои ҷаҳон ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок менамоянд.

Дар ин робита тартиби баргузории Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе омода гардида, кумитаи тадорукот, инчунин нишон, рамз ва «Шоҳҷоиза»-и он  таҳия ва тасдиқ гардидааст. Нишон бо нақшҳои миллӣ оро ёфта, дар дохили рамз тоҷ ҷойгир аст ва дар атрофи он бо ҳуруфоти англисӣ «Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе», «Таърихи рушди тоҷикон» навишта шудааст. «Шоҳҷоиза» дар шакли ҳайкали Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон интихоб гардида, бо сифати баланд омода мешавад.

Дар доираи Синамоҷашнвора ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо, питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ-филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад, ҳамоиш бо иштироки намояндагони маъруфи кинои давлатҳои хориҷи дуру наздик, нишастҳои матбуотӣ, Рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ, намоиши аксҳо бахшида ба шаҳри Душанбе, дарси «Устод ва шогирд» пешбинӣ шудааст.

Рӯзҳои кинои давлатҳои хориҷӣ ва намоиши филмҳо дар кинотеатрҳои «Наврӯз», «Ватан», «Зебуннисо» ба роҳ монда шуда, меҳмонони Синамоҷашнвора бо мавзеъҳои таърихии сайёҳии Тоҷикистон, аз қабили Осорхонаи миллӣ, Маҷмааи «Истиқлол», «Кохи Наврӯз», Қалъаи Ҳисор, дараҳои Варзоб, Ромит, Қаратоғ, истироҳатгоҳи «Шоҳамбарӣ», обанбори Норак ва ғайра шинос мешаванд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Сентябрь 10, 2023 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо волии вилояти Денизли мулоқот намуд
Дар Душанбе табодули таҷрибаи мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ Сафири навтаъйини Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфтанд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо
Бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ширкати «Masdar» дар Тоҷикистон лоиҳаҳои энергияи барқароршавандаро бо иқтидори умумии 1000 МВт татбиқ менамояд
Дар Душанбе Форуми миллии волонтёрон мегузарад
Дар шаҳри Хоруғ коргоҳи коркарди гиёҳҳои шифобахш таъсис меёбад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» мусовӣ анҷом ёфт
Интиқоли зиёда аз 71 кг маводи нашъаовари навъи героин пешгирӣ гардид
НАВИДИ ФАРҲАНГӢ! «Анъанаи бофтани атласу адрас» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд
Дар Остона «Бренди миллии Тоҷикистон» муаррифӣ гардид