Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.
Дар ҷаласа коршиносон ва намояндагони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба базаи моддию техникии давлатҳои аъзо, стандарти байналмилалии ҳисоби захираҳо, ташкили харитаи гидрогеологии Қазоқистон м 1:2 500 000, ҷараёни рақамикунонии соҳаи геология, масъалаҳои мубрами нафту гази геология ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо: дурнамои ҳамкорӣ дар доираи Шуро ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи геология маъруза намуданд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи илм ва ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Бобоев дар бораи Низомномаи гурӯҳи кории давлатҳои аъзои Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самтҳои афзалиятноки рушди геология ва истифодаи қаъри замин, дар бораи лоиҳаҳои Барномаи рушди ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи омӯзиш, истифода ва ҳифзи обҳои зеризаминӣ дар давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амаликунии он маъруза намуд.
Дар фарҷом бо қарори иҷлосияи навбатии Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сардори шуъбаи илм ва ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Бобоев бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд.
Собир Бобоев муҳандис-геолог буда, қариб 35 сол аст, ки дар мақомоти геологияи Тоҷикистон ҳамчун геолог, саргеолог, сардори гурӯҳ, муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори КВ «Экспедитсияи ҷустуҷӯи аксбардории геологӣ», сардори шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридора фаъолият дорад. Аз соли 2013 дар мансаби сардори шуъбаи геологияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор менамояд.
Мавсуф зиёда аз 20 сол аст, ки дар Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил саҳм мегузорад.
Иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ анҷом бахшид. Дар фарҷом санади ҳамкории ниҳоӣ ба имзо расид.
АКС: Маркази матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






