«ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 06.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 5 сентябр маросими ифтитоҳи расмии Мусобиқаи 13-уми байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 54 варзишгар аз хориҷи мамлакат, аз ҷумла аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамоянд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода сухан гуфта, меҳмонону варзишгаронро хайрамақдам намуданд. Ҳамзамон аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ёдовар шуданд.
Мусобиқаи мазкур то 9 сентябр идома ёфта, ғолибону ҷоизадорон бо мукофотҳои арзишманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадршиносӣ мегарданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






