Пагоҳ дар Душанбе Форуми олимони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Сентябрь 13, 2023 09:58

ДУШАНБЕ, 13.09.2023 /АМИТ  «Ховар»/. 14 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми олимони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳо хабар доданд. 

Форум дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, доир мегардад.

Дар форум роҳбарон ва коршиносони академияҳои илмҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок менамоянд.

Иштирокдорон дар форум мавзуъҳои «Ҳолат ва дурнамои ҳамкории академии минтақавӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиӣ», «Масъалаҳои бехатарии биологӣ дар Тоҷикистон, «Масъалаҳо ва дурнамои рушди илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар Тоҷикистон дар давраи ҳозира» ва ғайраро баррасӣ менамоянд.

Имрӯз иштирокдорони форум дар доираи ҳамоиш бо фаъолияти Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ва дастовардҳои илми тоҷик дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 13, 2023 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд