Пешвои миллат дар Форуми иқтисодии Берлин оид ба афзалиятҳои хоси Тоҷикистон иттилоъ доданд

Сентябрь 30, 2023 11:46

ДУШАНБЕ, 30.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон, ки 29 сентябр дар шаҳри Берлин баргузор гардид, оид ба бартариҳои хоси Тоҷикистон зимни ҳамкории иқтисодӣ иттилоъ дода, таъкид намуданд, ки «мамлакати мо се афзалияти хос дорад. Яке захираҳои бузурги табиӣ, аз ҷумла захираҳои муҳимми маъдан ва ашёи хом, дуюм имконияти бузурги истеҳсоли энергияи сабз ва сеюм мавҷудияти захираҳои кофии меҳнатӣ ва нишондиҳандаҳои мусбати демографӣ». Сарвари давлати тоҷикон бо мухотаб ба иштирокдорони аврупоии Форум изҳор карданд, ки ин бартариҳои хос «асоси ҳамкории мутақобилан судманди мо мебошанд».

Вобаста ба захираҳо ва истихроҷи маъдан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Дар Тоҷикистон 40 намуд металл ва масолеҳ истихроҷ карда шуда, 800 кони маъданҳои полиметаллӣ, металлҳои нодир ва қиматбаҳо муайян ва кашф гардидааст, ки қисман барои азхудкунии саноатӣ омода мебошанд. Истеҳсоли мис, нуқра, тилло, сурб, сурма, руҳ, литий, волфрам, симоб, металлҳои нодир, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, намаки сангӣ ва як қатор маъданҳои дигар дурнамои хуб дорад».

Оид ба рушди саноат бо истифода аз энергияи сабз (муҳимтарин захираи табии Тоҷикистон — А.С.) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти корхонаи истеҳсоли аллюминии тоҷикро намуна оварданд: «иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо технологияҳои нав имкон медиҳад, ки алюминий ва дигар металлҳо, инчунин маҳсулоти тайёр аз онҳо бо ҳадди камтарини ихроҷи карбон истеҳсол карда шавад. «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО), ки дар истеҳсолот неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро истифода менамояд, имрӯз аллакай ба панҷгонаи беҳтарин истеҳсолкунандагони ҷаҳонии «алюминийи сабз» ворид шудааст».

Зимнан барои кишварҳои Аврупо ҳамкории иктисодӣ бо Тоҷикистон хусусан дар бахши сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби технологияи пешрафта фоидаовару самарабахш мебошад. Бо назардошти ин Пешвои миллат гуфтанд, ки «истеҳсоли «алюминийи сабз», мис ва литий дар Тоҷикистон метавонад барои сармоягузорӣ дар истеҳсоли автомобилҳои барқӣ бартарӣ дошта бошанд».

Сарвари давлат зарурати истеҳсоли маҳсулот дар Тоҷикистон ва содироти онро ба Аврупо чунин шарҳ доданд: « дар ояндаи наздик дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо маҳсулоте, ки бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсол мегардад, аз андози карбон озод карда мешавад. Бо назардошти ин ва захираҳои мавҷудаи меҳнатӣ дар оянда истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон, ки барои содирот ба бозорҳои Аврупо нигаронида шудааст, манфиатовар мегардад».

Воқеан ҳам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳамоишҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ захираву имкониятҳои Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд, барои рушди саноату истеҳсолот, энергетика сармояи хориҷиро ҷалб месозанд ва ин сиёсати муваффақона бешак натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд.

А.Сангзода,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 30, 2023 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»