Президенти Тоҷикистон таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиро дар муқобила бо офатҳои обу иқлим пешниҳод намуданд
ДУШАНБЕ, 15.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Камобӣ, хушксолӣ, селу ярч, ки мо чанд сол боз пай дар пай мушоҳида менамоем, на танҳо ба хоҷагии қишлоқ, балки дар умум ба вазъияти иҷтимоӣ ҳам таъсири манфӣ мерасонанд. Мушаххас аст, ки мо бояд ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии худро дар муқобила бо ин вазъ, пеш аз ҳама, дар бахши обу энергетика тақвият диҳем. Чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФНБА) дар Душанбе.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, «мо аллакай дар ҳайати Фонди байналмилалии наҷоти Арал комиссия оид ба об дорем, аммо платформаи танзими масъалаҳои энергетикӣ вуҷуд надорад. Соли гузашта дар нишасти сарони Чолпон-Ота мо дастур дода будем, ки барои ҳалли ин гуна масъалаҳо ҷаласаи вазирони энергетика таъсис дода шавад».
Тавре дар идома Пешвои миллат афзуданд, «мояи хушнудӣ аст, ки дар ҷараёни ислоҳоти Фонди байналмилалии наҷоти Арал масъалаҳои энергетика ба ваколати ин фонд дохил шуданд. Таклиф менамоям, ки дар доираи он комиссияи алоҳида оид ба масъалаҳои энергетика ташкил шавад.
Боварӣ дорам, ки чунин платформа барои таъмини ҳамкории давлатҳои минтақа ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами энергетикӣ хеле муфид хоҳад буд, ки ин аз нигоҳи танзими масъалаҳои обу энергетикӣ дар доираи як ниҳод хеле муҳим аст.
Азбаски онҳо дар минтақаи мо бо ҳам алоқамандии зиёд доранд, барои истифодаи оқилона ва самараноки эҳтиёҷот амалҳои бештар ҳамоҳангшуда, инчунин навсозии амалҳои мавҷудаи барои инфрасохтор мувофиқ зарур мебошанд. Ба андешаи мо, моро зарур аст, ки дар сохторҳои минтақавӣ, ки дар ин самт фаъолият доранд, талошҳоро муттаҳид созем».
Ба гуфтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ҳамчун раиси феълӣ дар масъалаи такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Фонди байналмилалии наҷоти Арал муносибати созанда дорад.
«Бархӯрди мо дар он аст, ки созмон бояд ба воқеияти имрӯза мувофиқат намояд ва ба хатару таҳдидҳои нав тоб оварад ва инчунин ба манфиатҳои давлатҳои муассиси худ комилан ҷавобгӯ бошад», таъкид доштанд Пешвои миллат.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






