Президенти Тоҷикистон таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиро дар муқобила бо офатҳои обу иқлим пешниҳод намуданд

Сентябрь 15, 2023 13:36

ДУШАНБЕ, 15.09.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Камобӣ, хушксолӣ, селу ярч, ки мо чанд сол боз пай дар пай мушоҳида менамоем, на танҳо ба хоҷагии қишлоқ, балки дар умум ба вазъияти иҷтимоӣ ҳам таъсири манфӣ мерасонанд. Мушаххас аст, ки мо бояд ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии худро дар муқобила бо ин вазъ, пеш аз ҳама, дар бахши обу энергетика тақвият диҳем. Чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФНБА) дар Душанбе.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, «мо аллакай дар ҳайати Фонди байналмилалии наҷоти Арал комиссия оид ба об дорем, аммо платформаи танзими масъалаҳои энергетикӣ вуҷуд надорад. Соли гузашта дар нишасти сарони Чолпон-Ота мо дастур дода будем, ки барои ҳалли ин гуна масъалаҳо ҷаласаи вазирони энергетика таъсис дода шавад».

Тавре дар идома Пешвои миллат афзуданд, «мояи хушнудӣ аст, ки дар ҷараёни ислоҳоти Фонди байналмилалии наҷоти Арал масъалаҳои энергетика ба ваколати ин фонд дохил шуданд. Таклиф менамоям, ки дар доираи он комиссияи алоҳида оид ба масъалаҳои энергетика ташкил шавад.

Боварӣ дорам, ки чунин платформа барои таъмини ҳамкории давлатҳои минтақа ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами энергетикӣ хеле муфид хоҳад буд, ки ин аз нигоҳи танзими масъалаҳои обу энергетикӣ дар доираи як ниҳод хеле муҳим аст.

Азбаски онҳо дар минтақаи мо бо ҳам алоқамандии зиёд доранд,  барои истифодаи оқилона ва самараноки эҳтиёҷот амалҳои бештар ҳамоҳангшуда, инчунин навсозии амалҳои мавҷудаи барои инфрасохтор мувофиқ зарур мебошанд. Ба андешаи мо, моро зарур аст, ки дар сохторҳои минтақавӣ, ки дар ин самт фаъолият доранд, талошҳоро муттаҳид созем».

Ба гуфтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ҳамчун раиси феълӣ дар масъалаи такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Фонди байналмилалии наҷоти Арал муносибати созанда дорад.

«Бархӯрди мо дар он аст, ки созмон бояд ба воқеияти имрӯза мувофиқат намояд ва ба хатару таҳдидҳои нав тоб оварад ва инчунин ба манфиатҳои давлатҳои муассиси худ комилан ҷавобгӯ бошад», таъкид доштанд Пешвои миллат.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2023 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

МУРОҶИАТНОМАИ ҶСК «БАРҚИ ТОҶИК» БА МУШТАРИЁНИ НЕРУИ БАРҚ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» омили пешгирии чангу ғубор аст
26 СЕНТЯБР-РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ. 24 Паёми Президенти Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор ироа гардидаанд
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ МАМНУЪГОҲИ «БЕШАИ ПАЛАНГОН». Дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, маҳз дар Тоҷикистон мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо ташкил шуданд
Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани «Бешаи палангон» бозгӯи баланд гардидани мавқеи Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ аст
МАЗРААИ ИФТИХОР: «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд
Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт ва тараққиёти байналмилалӣ
Абдухалил Ғафурзода: «Суханронии Президенти Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ дастурамали мукаммал баҳри баҳамоӣ, ҳамгироӣ ва ҳамзистии кулли башарият аст»
Субҳиддин Шамсиддинзода: ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
ЧЕҲРАЕ МУНАВВАР ДАР САМОИ СИЁСАТИ ДАВРОН. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ бо номи Президенти мамлакат алоқаманд аст
Сарвари давлат: «Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити заруриро фароҳам овардааст»