«Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҳангоми истеҳсоли маснуоти чопӣ». Дар ин мавзуъ машварати омӯзишӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии «Тоҷикстандарт» бо корхонаҳои истеҳсоли маснуоти чопӣ дар мавзуи «Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҳангоми истеҳсоли маснуоти чопӣ» машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии Тоҷикстандарт иттилоъ доданд.
Дар машварат мутахассисон ва масъулин дар робита ба риояи талаботи регламенти техникии «Бехатарии маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон», ки барои чопи китобҳои дарсӣ талабот муқаррар намудааст ва моҳияти ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии силсилаи ISO ба иштирокчиён маълумот доданд. Ҳамзамон дар робита ба сифати чопи китобҳо низ масъалагузорӣ шуда, таъмини риояи ҳатмии қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ таъкид шуд.
Инчунин намояндагони Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ оид ба қонунгузории соҳа, аз ҷумла, дар бораи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфия» мухтасар гуфта гузаштанд. Дар қонунгузорӣ ҳам нисбат ба истеҳсоли маснуоти чопӣ бо риояи талаботи стандарти давлатӣ ва байналмилалӣ талабот муқаррар гардидааст.
Тибқи қонунгузорӣ, чопи маводи илмӣ, таълимӣ ва динӣ бояд дар мувофиқа бо иҷозаи мақоми ваколатдор амалӣ шавад.
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид






