Шараф Шерализода ба Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо эътимоднома супорид

Сентябрь 7, 2023 09:19

ДУШАНБЕ, 07.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария,  Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ба Директори генералии Созмони Ҷаҳонии Савдо хонум Нгози Оконҷо-Ивеала эътимоднома  супорид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, аз ҷумла дастовардҳо дар давраи узвият дар созмон, ҷараёни татбиқи уҳдадориҳои гирифта, иштироки мамлакат дар низоми савдои бисёрҷониба ва дурнамои тақвияти робитаҳои минбаъдаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки 2 марти соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви 159–уми комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Сентябрь 7, 2023 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид