Ширкатҳои энергетикии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 3 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Сентябрь 30, 2023 13:13

ДУШАНБЕ, 30.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Форуми байналналмилалии сармоягузории Душанбе-2023» ҷаласаи панелӣ дар мавзуи «Тоҷикистон-кишвари энергияи сабз ва иштироки бахши хусусӣ дар рушди соҳаи энергетика» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, Вазири энергетика ва инфросохтори Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Ал Мазруи, ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа нахуст доир ба имконияти соҳаи энергетика дар Тоҷикистон маълумот дода шуд.

Вазири энергетика ва инфросохтори Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Ал Мазруи доир ба ҳамкорӣ ва рушди соҳа сухан гуфта, барои тақвияти ҳамкорӣ дар рушди соҳаи энергетика изҳори омодагӣ намуд.

Дар хотимаи ҷаласа 3 санади ҳамкорӣ байни ширкатҳои энергетикии Тоҷикистон бо ширкатҳои энергетикии Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расонида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 30, 2023 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад