СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ин давра бунёди 500 корхонаҳои саноатӣ пешбинӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 16.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар вилояти Хатлон шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 800 адад расидааст. Дар доираи Солҳои рушди саноат — 2020-2026-ум 500 адад корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин соли 2020 — 37 корхона, соли 2021-123 коргоҳу корхона, соли 2022-106 корхона, 22 коргоҳ ва дар ҳафт моҳи соли равон 90 корхона сохта ба истифода дода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Тибқи тадбирҳои андешидашаванда, то охири соли 2026 сохтмони зиёда аз 200 корхонаи нав пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, корхонаҳои гӯгирдбарорӣ, ҷӯроббарорӣ, гипсокартон, шифербарорӣ, филтрҳои гуногун барои нақлиёт, маҳсулоти ширӣ, корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ, дӯзандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Вахш, Бохтар, Шаҳритус, Ёвон дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Дар корхонаҳои бунёдгашта зиёда аз 4000 сокини вилоят бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Коргоҳу корхонаҳо дар самти маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, равған, макарон, коркарди гӯшти мурғ, истеҳсоли орд, панир, матоъ, трикотаж, пойафзол, докаи тиббӣ, мебел, нахи пахта, маҳсулоти ширӣ, яхмос, банду басти писта, мош, наск, нахӯд ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид






