Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз истиқболи ғолибони Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Сентябрь 29, 2023 08:26

ДУШАНБЕ, 29.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 28 ба 29 сентябр варзишгарони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода, ки аз намуди ҷудо дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд, ба Ватан баргаштанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгарони муваффақро роҳбарияти Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва дигар масъулони соҳаи варзиши мамлакат истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 Сомон Маҳмадбеков сазовори медали тилло, Темур Раҳимов медали нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода медали биринҷӣ гардиданд.

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз истиқболи варзишгарони парчамбардори Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешкаш мегардад.


Тоҳир САИД (АКС),

АМИТ «Ховар»

Сентябрь 29, 2023 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилваи мероси рангини тоҷикон дар Боку
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид